Ru  | Tj
Амина Ҳафизова - чеҳраи нави синамои тоҷик
Амина Ҳафизова - чеҳраи нави синамои тоҷик
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Амина Ҳафизова - чеҳраи нави синамои тоҷик

Нашр шуд

Амина Ҳафизова - ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский дар силсилафилми “Ишқ, пул #Душанбе” нақш асосиро офаридааст.

Ӯ аз Хуршед Мустафоев, Ваҳоб Дӯстов ва Фирӯза Орзуева ҳунар омӯхтааст.

- Амина, се калимае, ки Шуморо ба воситаи онҳо шинохтан мумкин бошад, кадомҳоянд?

- Худбовар, орзупарвар ва эҳсосӣ.

- Шумо зиёда аз як сол мешавад, ки ҳамчун ҳунарманд шинохта шудаед, аз “бемории ситорагӣ” сироят наёфтед?

- Шукр, ки не.


- Ин аввалин мусоҳибаи Шумо бо рӯзноманигор аст?

- Бале, аввалин вохӯрӣ бо нафари диктофондор, ки “заметка”-и телефонаш пур аз савол аст.

- Кадом амалҳо ё корҳои кӯдакиатонро дар ёд доред?

- Хонаи мо дар ошёнаи 8-ум буд ва бисёр вақт дар “покет” об гирифта, аз тиреза мепартофтам ва ба ин тарз хушҳолӣ мекардам. Рӯзе ҳамсояҳо ин корамро фаҳмиданду ба модарам шикоят карданд.

- Аз зиндагии доштаатон бисёртар чӣ ба Шумо писанд аст?

- Театр, кино ва умуман ҳама корҳое, ки иҷро мекунам, дӯст медорам.


- Ҷавон бояд чӣ гуна бошад?

- Агар рисолати мо дар ҳаёт сохтани як хона бошад, пас таҳкурсии он хонаро бояд дар ҷавонӣ сохт. Яъне як ҷавон бояд созандаи таҳкурсии девори умри ояндааш бошад. Медонам, ҳоло суханҳоям баланд рафта истодаанд, вале инро бояд қабул кард, ки мо ҷавонон бепарвоем, ба зиндагӣ ҷиддӣ муносибат намекунем, ба зарбаҳои ҳаёт тобовар нестем ва мубориза бурдан намехоҳем...

- Узр барои густохӣ, вале бояд пас аз ин суханони Шумо пурсам, оиладор шуданиед?

- Ҳоло не, аммо намехоҳам оиладоршавиям “ради галочка” бошад. Ман ҳавову ҳаваси зиёд надорам, балки дар ин масъала ҷиддияти тарафи муқобил бароям бисёр муҳим аст ва саросема ҳам нестам.


- Дар як рӯз чанд соат кор мекунед?

- Рӯзи одамони эҷодӣ як хел намегузарад ва аслан инро ҳеҷ вақт пешгӯӣ карда намешавад, зеро корҳо бисёру кам мешаванд, лоиҳаҳои нав қабул мекунем, тамринҳо ва машғулиятҳои алоҳида пайдо мегарданд.

- Бо одамони зиёд рафту омад доред, бигӯед, ки дар ҷомеа одамони бад зиёданд ё хуб?

- Дар атрофам ҳама инсонҳои хуб ҳастанд ва аслан барои ман одами бад нест.

- Баробари шунидани калимаи “театр” дар назари Шумо чӣ пайдо мешавад?

- Шаҳри дигар.


- Чи хел?

- Тасаввур кунед, мо ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунем ва ин ҷо дар ҳаёти воқеиямон ба сар мебарем, вале вақте ки ман театр меравам дар фазои дигар, муҳити дигар, солҳои дигар, атрофиёни дигар, ҳаводиси дигар ва гуфторҳои дигар зиндагӣ мекунам. Пас бояд гуфт, ки театр шаҳри дигар аст.

- Шумо дар студияи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский аз нозукиҳои ҳунари театрӣ бохабар шудаед, чӣ гуна ва кай ба театр рафтед?

- Соли 2018 як шогирди театри мазкур, ки ҳарду дар маркази дилхӯшии “Аладин” кор мекардем, дар вуҷуди ман ҳунарро дида, пешниҳод кард, то ба театр равам. Ман театр омадам ва ҳамин тавр ин ҷо омӯхтанро оғоз кардам.


- Дар студия аз киҳо ва чӣ омӯхтед?

- Ман аз Фирӯза Орзуева санъати суханварӣ, аз Хуршед Мустафоев маҳорати актёрӣ ва аз Ваҳоб Дӯстов ҳаракатҳои саҳнавиро омӯхтам.

- Аввалин нақшатон дар театр кай буд ва Шумо нақши киро иҷро кардед?

- Соли 2019 дар намоиши солинавӣ нақши “Барфак”-ро иҷро карда будам.


- Ҳоло мавсими нави театрӣ оғоз ёфт. Шуморо дар намоишҳои театрӣ дидан мумкин аст?

- Бале, дар намоиши театрӣ нақш дорам ва намоиш рӯзи 2-юми октябр аст.

- Ҳолате ҳаст, ки тамошобин махсус барои тамошои нақшофаринии Шумо омада бошад?

- Бале, ин гуна ҳолатҳо бисёранд.


- Қарсак барои Шумо чӣ маъно дорад?

- Беҳуда кор накардаам.

- Шумо ҳоло дар вебсериали тоҷикии “Ишқ пул #Душанбе” нақши асосиро бозида истодаед, чӣ гуна дар ин филм пайдо шудед?

- Набиҷон Пирматов аз Шуҳрат Раҳматуллоев барои ба наворгирии филми нав як ҳунарманд хостаанд. Кӯтоҳи гап, Шуҳрат Раҳматуллоев ба Набиҷон Пирматов маро пешниҳод мекунанд ва мо рӯзе вохӯрда, ман баъзе саҳнаҳоро барои санҷиш бозӣ кардам ва ҳамин тариқ пас аз чанде корро шурӯъ кардем.


- Барои Шумо бозидани кадом саҳнаҳои филм душвор аст?

- Саҳнаҳое, ки дар филм бо ягон ҳунарманди нав ба навор мегирем. Бовар кунед, ҳоло барои ман саҳнаеро бозӣ кардан бо Набиҷон Пирматов ва ё Сулаймон Сафаров бисёр осон аст.

- Пас аз омода кардану дар YouTube нашр шудани филм онро мебинед?

- Баъзан вақт мебинам.

- Дар синамо ин аввалин нақши Шумост?

- Бале, аввалин аст, вале худамро тавре ҳис мекунам, ки гӯё аввалин нест.

- Мақсади асосиятон аз иҷрои нақш дар филми мазкур чист: шуҳрат, нон ё худро санҷидан?

- Қисмати сеюми гуфтаатон. Ман худамро санҷидан мехоҳам.


- Он миқдор пуле, ки аз филм медиҳанд ба Шумо басанда аст?

- Бале, ман аз гонорарам розиям.

- Дар ду намоҳанги Нигина Амонқулова нақш офаридед, агар “Ишқ пул #Душанбе” намебуд, ӯ Шуморо барои нақшофарӣ ба клипҳояш даъват мекард?

- Ба фикрам не, зеро то андозаи муайян силсилафилми мазкур барои шинохта шуданам нақш дорад.

- Давоми филми “Ишқ пул #Душанбе” ба Шумо маълум аст?

- Охираш маълум аст, вале тамоми саҳнаҳои филм, ки сужаи тӯлониро дар бар мегирад, номаълум.

- Ҳозир чӣ шуғл доред?

- Бисёр мехоҳам шуғл дошта бошам, вале ҳоло ба корҳои театру кино банд ҳастам ва наметавонам ба коре машғул шавам.

- Ба фикри шумо одами машҳур кист?

- Оддӣ, қадри худро медонистагӣ ва қадри кори кардаашро мефаҳмидагӣ.

- Агар имкон пайдо шавад, ки худатонро аз ягон ҷиҳат иваз кунед, чиро иваз мекунед?

- Гапам калон нашавад, вале аз худам 100 фоиз розиям.


- Зиндагӣ кардан осон аст?

- Осон аст, вале мо худамон зиндагиямонро душвор мекунем.

- Ягон маротиба мурданро фикр кардаед?

- Фикр мекунам, ҳатто бисёр фикр мекунам.

- Даҳшат аст?

- Кӯшиш карда истодаам, ки фалсафаи зистану мурданро қабул кунам. Мо бояд қабул кунем, ки миранда ҳастем.

- Шумо шукр мекунед?

- Бале, бисёр шукр мекунам.

- Агар дар ин дунё намебудед, чӣ тағйирот ба амал меомад?

- Ҳама нафароне, ки аз ягон ҷиҳат бо ман муносибат доранд, бе ман мебуданд.

«Ҳангоми ба Тоҷикистон ба саёҳат омадан, бояд фасли солро ба назар гирифт». Владимир Нуштаев доир ба имкониятҳои гардишгарии дохилӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед