Ru  | Tj
Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?
Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?

Нашр шуд

Сулаймон Сафаров 2 –уми марти соли 1988 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Аз сабабе, ки падар бо тақозои ҷойи кор ва вазифа зуд-зуд макони зисти оиларо иваз мекард, Сулаймон мактаби миёнаро бо таҳсил дар чанд мактаб ба итмом расонид. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон супорида, онро бо ихтисоси дипломат хатм кард. Пас аз гирифтани маълумоти аввал, ба хизмати Ватан-Модар рафт. Пасон, барои гирифтани маълумоти дуюм ба Русия сафар намуд ва аз он ҷо актёр шуда баргашт.

Мо ин ҳамаро дониста, натавонистем, ки бо Сулаймон Сафаров мусоҳиба накунем, зеро ҳадафи аслии мо аз сӯҳбатҳоямон чунин ҷавононро, ки ҳақиқатан ҳам ояндаи миллат гуфта метавонем, муаррифӣ кардан аст.


Аз таҳсили нотамом дар Русия то омилҳои рушди синамои тоҷик

- Шумо дар Русия муҳассили риштаи актёрӣ будед, вале хатм накардед, чаро ин тавр шуд?

- Бале, мактаби актёрии Русияро пурра хатм накардам ва он ҷо се сол таҳсил намудам. Ман дар баробари таҳсил ҳамчунин дар телесериалҳои русӣ ба ҳайси эпизод ва масовка иштирок мекардам ва ба ин тариқ таҷриба мегирифтам. Пас аз курси сеюм ба Ватан баргаштаму оиладор шудам ва дигар Русия нарафтам. Ҳамин тавр, таҳсилам нопурра монд.

- Шуморо ҳам дар клипҳо мебинем ва ҳам дар филмҳо, бигӯед, ки аввалин нақшатон дар кино буд ё дар клип?

- Аввалин нақши ман дар клип буд. Аниқ дар хотир надорам, соли 2012 буд ва ё 2013, ки дар клипи таронаи “Ҷудоӣ”-и Ҷӯрабек Муродов нақш офаридам. Аввалин нақшам дар кино бошад, дар телесериали русӣ бо номи “Учитель в законе” буд. Дар аввалин кинои тоҷикӣ дар филми Набиҷон Пирматов бо номи “Аз ман марав” нақш офаридаам.


- Охирин клипе, ки дар он нақш офаридед суруди “Саробе”-и Валиҷон Азизов буд, чаро ба Шумо бераҳмӣ мезебад?

- Вақте ки аз ман мепурсанд: “Чаро ба Шумо бераҳмӣ мезебад?” бовар кунед, хурсанд мешавам, зеро ба нақше, ки бозидаам боварӣ ҳосил карданд. Дар асл, ман одами ором ҳастам, вале намуди зоҳириям камтар ба одамони бад монанд аст. Лекин бо як “мимика” наметавон ба тамошобин нишон дод, ки ту ғазабӣ ҳастӣ ё ин ки ошиқ, балки ҳама чиз дар даруни инсон аст. Ҳолати актёрро аз чашмаш мефаҳмӣ, ки дар ҳамон нақш аст ё не.

- Дар филми “Ишқ, пул #Душанбе” иштирок кардед, фақат росташро гӯед ба Шумо ҳамин сериал писанд аст?

- Дар бораи сериали “Ишқ, пул “Душанбе” касе чизе мегӯяд ман намедонам, лекин инро бояд фаромӯш накард, ки ин лоиҳа ба наздикӣ яксолагиашро қайд кард. Як сол аст, ки Набиҷон ба мардум як сериалеро таҳия карда истодааст ва аз рӯи шумораи аз назаргузаронӣ дар YouTube бинандагонаш рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд. Ин лоиҳаро нафаре пеш бурда истодааст, ки дар “Тоҷикфилм” ё студияҳои дигар кор намекунад, балки пурра бо меҳнати худ ба пеш рафта истодааст. Пас, ин гуна одаму ин гуна корро қадр кардан лозим аст.

Шахсан барои худи ман нақшофарӣ дар ин силсилафилм таҷрибаи калон шуда истодааст.


- Чанде пеш дар саҳифаи Instagram-атон аксеро нашр кардед, ки якҷо бо Мубориз Усмонов ва актёр Муҳаммад Алӣ будед. Дар шарҳи акс “омодагӣ ба филм” навишта будед, тақдири он филм чӣ шуд?

- Дар ҳақиқат мо лоиҳаи як филмро омода карда будем, ки номи он “Сад рӯз” аст. Вале аз сабабе, ки Муҳаммад Алӣ ба Маскав рафтанд, то омадани эшон кори лоиҳаро мавқуф гузоштем. Насиб, дар оянда ин лоиҳаро амалӣ хоҳем кард.

- Ба фикри Шумо чаро соҳаи синамои тоҷик бисёр суст рушд мекунад?

- Ду сабаб дорад: якум, кадрҳои хуби боқувват ниҳоят кам ҳастанд ва дуюм, маблағгузорӣ кам аст. Агар кадрҳои оянда дар фикри инкишофдиҳии худ нашаванд, пас чизеро интизор шудан аз синамои мо хато аст. Бояд бисёртар дар хориҷи кишвар таҳсил кунанд, дар амалия кор кунанд ва албатта, дар фикри ёфтани сарпарасту пул ҳам бошанд.

- Агар як миллион доллар медоштед, чӣ гуна филм мегирифтед?

- Агар ман як миллион доллар медоштам, кино ё сериали таърихиро дар бораи таърихи тоҷикон, хусусан дар бораи Исмоили Сомонӣ ба навор мегирифтам. Чунки ба ҷаҳониён мо бояд таъриху таммадуни ғании худро ба воситаи филм нишон диҳем.


- Шумо ҳамроҳи Руслан Белий, Сташ Ярушин, Роман Юсупов, Виталий Гогунский ва Андрей Бурковский сурати якҷоя доред. Он суратҳо дар куҷо буд ва дар кадом мавзӯъ Шумо сӯҳбат карда будед?

- Суратҳои мазкур аз замони таҳсилам дар Русия ҳастанд, ки каму беш дар майдонҳои филмбардорӣ ман ҳам иштрок мекардам. Ростӣ, дар кадом хусус сӯҳбат намуданро намедонам, вале ба хотирам ҳаст, ки бо Виталий Гогунский, ки дар сериали “Универ” нақши Кузяро иҷро карда буд, сӯҳбатамон як соат давом кард. Ӯ дар бораи Тоҷикистон, расму ойини мо, филмҳои мо ва ғайраҳо аз ман пурсида буд.

- То ҷое медонем, дар як навори кӯтоҳ аз Шумо ТНТ мусоҳиба мегирад, ҳамон мусоҳиба дар бораи чӣ ва кай буд?

- Агар хато накунам, ин дар вақти банаворгирии барномаи “Не спать” буд. Вақте ки мо барои наворгирӣ мерафтем, чанд барномаи дигар низ сабт мешуданд. Дар ҳамон ҷо аз мо дар бораи барномаҳои шабакаи ТНТ пурсида буданд.


Аз “Шоми Душанбе”-и Ҷонибек Муродов то “Шоми Душанбе”-и Сулаймон Сафаров

- Шумо лоиҳаи “Шоми Душанбе”-ро мебаред? Ин ҳамон “Шоми Душанбе”-е аст, ки Ҷонибек Муродов мекард ё чизи дигар?

- Лоиҳаи “Шоми Душанбе” бори аввал соли 2015 дар Академияи санъати актёрӣ ва овози Ферс баргузор шуда буд. Бале, ин ҳамон “Шоми Душанбе” аст. Ин лоиҳаро бо ҳамроҳии Ҷонибек Муродов оғоз кардем. Идеяи ин лоиҳа аз эшон буд. Рӯзе дар академия ҳамроҳи Ҷонибек Муродов ва Валиҷон Азизов нишаста будем, ки Ҷонибек ин лоиҳаро пешниҳод кард ва мо маслиҳат карда, якҷоя ин проектро оғоз кардем. То қисми сеюм барномаро бо Ҷонибек пеш бурдем, баъдан аз сабабе, ки Ҷонибек бисёр серкор буд маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки онро ман худам давом хоҳам дод. Баъдан аз қисми чорум то инҷониб худам ин лоиҳаро пеш бурда истодаам.

- Чаро “Шоми Душанбе” зуд-зуд манзури ҳаводорон намегардад?

- Якум, принсипи кории ман ин аст, ки бояд кор дар сатҳи олӣ бошад ва барои ин корро анҷом додан, вақт лозим аст. Дуюм, барои таҳияи як нашри “Шоми Душанбе” тақрибан 15 ҳазор доллар сарф мешавад ва дар ин шароит бо ҳамкориҳои гуногун ин миқдор пулро ёфтан ҳам хеле душвор аст.

- Чӣ бояд кард, ки “Шоми Душанбе” ба барномаи ҳарвақтаинаи дилхушӣ табдил ёбад?

- Барои таҳияи барнома тавре дар боло гуфтам пули зиёд лозим аст ва барои зуд-зуд пешниҳод шуданаш бошад, пули калони доимӣ.


Аз хизмати ҳарбӣ то муваффақ набудан

- Шумо яке аз нафароне ҳастед, ки дар Қушунҳои сарҳадӣ хизмат кардаед, аммо монанди дигар намояндагони аҳли шоу-бизнес дар видеову мусоҳибаҳоятон дар ин бора намегӯед, чаро намегӯед?

- Дуруст аст, ки ман солҳои 2008-2010 хизмати аскариро адо кардам, ҳамчунин дар ин бора сухан гуфтанро ифтихор медонам. Зеро хизмат кардан барои ҳар як ҷавон ҳам қарзу ҳам фарз аст, пас вақте ки бо супоридани қарзамон боз миннат кунем, мантиқ гум мешавад.

- Мо фаҳмидем, ки Шумо мухлиси ҳунарманди машҳур Брюс-лӣ ҳастед. Бигӯед, ки охирин бор кай бо касе ҷанг карда будед?

- Ман намедонам Шумо ин маълумотро аз куҷо ёфтаед, вале ин дуруст аст, ба гумонам аксарият нафароне, ки дар солҳои 90-ум бачагияшонро гузаронидаанд ҳатман Брюс-лӣ, Жан Клод Ван Дам, Ҷеки Чан, Стивен Сигал ва дигаронро мешиносанду пинҳону аён худро ба яке аз онҳо монанд карданӣ мешаванд. Мухлиси Брюс-лӣ будани ман ҳам аз таъсири муҳит ва атрофиён аст. Дар бораи ҷанг кардан бошад, бояд бигӯям, ки дар давраи мактабӣ ва донишгоҳӣ бисёр ҷанг мекардам. Пас аз донишгоҳ ба фикрам дигар ҷанг накардаам.

- Ба Шумо чӣ халал мерасонад, ки ба мисли хостаатон зиндагӣ кунед?

- Ҳамеша барои инсон чизе намерасад. Барои баъзеҳо хона намерасаду ба баъзеи дигар мошину дигару дигар. Вале ин чизҳо ҳамааш моддӣ мебошанд. Муҳимтарин чизе, ки инсон бояд дошта бошад, саломатии волидайн аст. Шукр, ба ман ҳама чиз мерасад ва ҳамон тавре ки мехоҳам ҳамон хел ҳиндагӣ карда истодаам.

- Шумо ҳоло худатонро муваффақ медонед?

- Фикр мекунам то ҳол дар корам муваффақ нашудаам, кор кардан даркор аст.

- Фикр намекунед, ки то кай муваффақ шуданатон имкон дорад?

- Аз рӯйи корҳои ҳоло карда истодаам ва нақшаҳои ояндаам, аз панҷ то даҳ соли оянда.

- Агар дар ин муддат ба андозаи умедҳоятон натиҷа нагиред, чӣ кор мекунед?

- Боз кор мекунам.

- Боз кор кунед, шахсе, ки аз роҳаш намегардад, ҳатман муваффақ мешавад.

- Саломат бошед.



Тоҷикдухтаре мехоҳад оламро тасхир кунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед