Ru  | Tj
Азизҷон Азимӣ: “Кӯшиш мекунам, ватандӯстиямро тариқи фоида расонидан ба халқ бозгӯ кунам”
Азизҷон Азимӣ: “Кӯшиш мекунам, ватандӯстиямро тариқи фоида расонидан ба халқ бозгӯ кунам”
Аксҳо: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Азизҷон Азимӣ: “Кӯшиш мекунам, ватандӯстиямро тариқи фоида расонидан ба халқ бозгӯ кунам”

Нашр шуд

Азизҷон Азимӣ дар соли имзои созишномаи сулҳ ба дунё омадааст.

Ӯ дар 3-солагӣ ба синфи 1 рафт.

Ӯ аз 3 то 7-солагӣ бо муаллимон дар хонаашон дарс мехонд.

Ӯ дар 7-солагӣ ба синфи 4 рафт.

Ӯ дар давоми 1 моҳ аз ду синф гузашт.

Ӯ дар 8-солагӣ ҳамчун хонандаи синфи 7 ба Литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд қабул шуд.

Ӯ дар 11-солагӣ дар Амрико ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ғолиби Олимпиадаи байналмилалӣ гардид.

Ӯ дар 15-солагӣ мактаби миёнаро дар Амрико хатм кард.

Ӯ дар 19-солагӣ яку якбора бо ду дипломи сурх мактаби олиро хатм кард.

Ӯ имсол зинаи магистратураро бо ихтисоси идораи давлат дар Гарвард ва бо ихтисоси идораи бизнес дар Cтенфорд хатм кард.

Ӯ ҳоло муассис ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «TajRupt» мебошад.


Азизҷон тавассути TajRupt мехоҳад тафаккури интиқодии мактаббачагонро бедор кунад, онҳоро барои таҳсил дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ омода созад ва интелекти сунъиро дар кишвар рушд диҳад.

Мо бо Азизҷон Азимӣ бобати 12 сархати боло муфассал сӯҳбат намудем ва боварӣ дорем, ки аз ин гуфтугӯи мо ҳам ба насли пешин ва ҳам ба намояндагони насли нав нафъе хоҳад расид.

ВАТАНДӮСТӢ ҲАР САҲАР СУРУДИ МИЛЛИРО ХОНДАН НЕСТ


- Азизҷон, Шумо аз 3-солагиятон ба мактаб рафтед, пас аз оне ки калон шудед, аз волидон напурсидед, ки чаро чунин кардаанд?

- Ростӣ, боре ҳам напурсидаам, вале дар баробари напурсидан бисёр шукр мекунам, ки Худо ба ман чунин падару модар додааст. Онҳо маро ба ҳеҷ ваҷҳ барои таҳсил кардану чизеро омӯхтан ҳеҷ гоҳ маҷбур накардаанд, балки шароит муҳайё карданд ва ба ман озодӣ доданд.

- То ҷое медонем, Шумо дар синфи 1, ки дар 3 солагиатон рафтед, дар мактаб зиёд таҳсил накардед...?

- Бале, ҳамон вақт, яъне пас аз як моҳи таҳсил дар мактаб беморие омаду волидонам дигар ба ман иҷозаи таҳсил дар мактабро надоданд. Дар оила яккаписар будам ва аз ин сабаб, волидонам маро зиёд эҳтиёт мекарданд.

- Давоми хатти тақдиратон чӣ гуна шуд?

- Маро аз мактаб гирифтанд ва ба таҳсили хонагӣ гузаштам. То 7-солагиям муаллимони фанҳои гуногун, аз ҷумла, таърих, забони модарӣ, забони англисӣ, ҷуғрофия ва ғайраҳо ҳамарӯза дар хона ба ман дарс мегузаштанд. Пасон, дар 7-солагиям ҳамчун хонандаи синфи 4 ба мактби русӣ рафтам. Кор чунин ранг гирифт, ки дар як моҳ синфи 5-6-ро хатм кардаму дар 8-солагӣ ба синфи 7 рафтам.

- Дар хона бо муаллимонатон то чанд соат дарс мехондед?

- Монанди мактаби миёна - 4-5 соат.

- Дуруст аст, ки шароити хуби иқтисодии оилаи Шумо барои то ба ин дараҷа расиданатон мусоидат намуд. Оё мешавад, ки бе надоштани чунин шароити хуб то ин андоза муваффақ гардид?

- Не, зеро ба фикрам дар ташаккулёбиям агар омили якум озодӣ буда бошад, пас бешак омили дуюм ин шароити иқтисодӣ буд.

- Шумо ҳам фарзандатонро чунин ба воя мерасонед?

- Кӯшиш мекунам, ки ҳамон имконот ва озодие, ки волидонам ба ман доданд, ба фарзандонам диҳам. Онҳо чӣ гуна, ки хоҳанд зиндагӣ ва таҳсил кунанд.

- Хондан чӣ кайфият дорад?

- Ду нукта аст: якум, худхоҳӣ ва дуюм, фурӯтанӣ. Аз рӯйи нуктаи аввал хонанда замоне ҳаловат мебарад, ки дар ягон баҳс, ҷамъомад ё ҷойи дигар аз дониши доштааш дигаронро хабар медиҳад ва ба қавле сарнишини он ҷо мегардад. Нуктаи дуюм бошад дар он зоҳир меёбад, ки чӣ қадаре ки толибилм илмро аз худ кунад, ҳамон қадар мефаҳмад, ки донишаш кам аст ва бо ин далел боз бештар кӯшиши омӯхтан мекунад.


- Хондан формула дорад?

- Бале. Бояд аз китоби оддӣ дида, зиёдтар тадқиқотҳоро хонем ва омӯзем.

- Масалан?

- Масалан, ман иқтисодиётро омӯхтан мехоҳам ва бисёр хуб мешуд ба ҷойи якчанд китоб хондан, беҳтараш тадқиқотҳои олимонро вобаста ба соҳа мутолиа карда, ба хотир гирам. Чаро тадқиқот мегӯям? Барои он ки тадқиқотро одами оддӣ не, балки олими соҳа анҷом медиҳад. Боз иловатан он пурра, муъҷаз, боваринок ва фарогири як мавзӯи муҳимми соҳаи мазкур мебошад.

- Шумо китобхониро дӯст медоред?

- Агар росташро гӯям, не. Чун ки бисёртар мақолаҳои тадқиқотӣ мехонам ва аз хондани онҳо ҳаловат мебарам. Вақтамро ба хондани ҳар гуна китобҳо намегузаронам.

- Ба фикри Шумо ба ҳар наврасу ҷавони мо барои ҷиддӣ хондан чӣ намерасад?

- Ба фикрам ҳоло агар берун бароему аз ҷавонон пурсем, ки дар зиндагӣ чӣ ҳадаф доранд ва дар оянда чӣ кор карданиянд, ҳатман се чиз мегӯянд: “Мехоҳам пулдор шавам, мошин гирам ва зани хушрӯ ёбам”. Ман инро бо таассуф мегӯям, зеро аз чунин ҳолат ва ҷавобҳо ғамгин мешавам. Ба бачаҳои мо мотиватсия намерасад, онҳо кӯшиши болои ҳадафи муайяне кор карданро надоранд. Ва бадтар аз ҳама, ба онҳо барои машғул шудан ба таълим фазову муҳити ҷиддӣ намерасад.

- Узр, гап сари мошин рафт, ҳоло Шумо метавонед баъди ин сӯҳбат рафта як мошини табғаи Mercedes-Benz гиред?

- Бале, метавонам.

- Шумо имкон доштед, ки дар Амрико кору зиндагӣ кунед. Кадом қувва шуморо Тоҷикистон овард? Дар ҳоле, ки ҳоло кам нестанд ҷавонони тоҷике, ки мехоҳанд дар Амрико кору зиндагӣ кунанд?

- Ман бо TajRupt аз Амрико дида, дар Ватани худам зиёдтар хизмат карда метавонам. Он ҷо дар баробари мо чандин идея ва ҷавонони лаёқатдор буданду ҳастанд, ки кори моро анҷом медиҳанд, вале дар кишвар мо аввалин шудем ва агар ба ҳадафҳои гузошташудаамон бирасем, мумкин аст иқтисодиёти кишварамонро ба кулли тағйир диҳем.

- Дар пасманзари омадани Шумо ба Ватан оё метавон гуфт, ки патриотизм ҳаст?

- Албатта. Ман Ватанамро дӯст медорам ва кӯшиш мекунам, ки ватандӯстиямро тариқи фоида расонидан ба халқ бозгӯ кунам ва фикр мекунам, ки ҳар саҳар хеста суруди миллиро хондану боз хоб кардан ватандӯстиву меҳанпарастӣ нест.

- Шумо Ватандӯст ҳастед, агар ба хизмати ҳарбӣ даъват кунанд меравед?

- Аслан, ман бо сабаби яккаписар буданам аз хизмати ҳарбӣ озодам, вале фикр мекунам, аз оне ки 2 соли умрамро дар хизмати ҳарбӣ гузаронам, дар ин ҷо бошам ба халқу Ватан хизматам зиёдтар мерасад.

УМЕД НАДОРАМ, ИНТИЗОР НЕСТАМ


- Азизҷон, мардум ду назар доранд: бархе мегӯянд, дар кадом намуди мактаб хонад фарқе надорад, муҳим, худи бача фаҳмиш дошта бошад, кисми дигар мегӯянд, ки бояд бача дар мактаби махсус хонад ва барои ин пули зиёд сарф мекунанд. Шумо ба кадом назар ҳастед?

- Ман фикр мекунам албатта мактабҳои хусусӣ беҳтаранд, вале хубтараш дар хориҷа таҳсил кунанд. Дар он ҷо фазо, муҳит ва тафаккури интиқодӣ аст.

- Агар бача дар мактаби миёна хонандаи фаъол набошад, дар донишгоҳ аз ҷумлаи фаъолҳо шуда метавонад?

- Ба фикрам аксаран не, яъне метавон аз 70 ба 30 фоиз ин ҳолатро арзёбӣ кард.

- Хатои муаллимони тоҷик ва пешравии муаллимони хориҷӣ, масалан, Амрико дар чист?

- Якум, муаллимони тоҷик бо бачаҳо ҳар гуна бозӣ намекунанд, ҳама ҷиддӣ ва бо кастюму галстук ҳастанд, вале дар Амрико ин тавр нест. Дуюм, дар мо фикрронии интиқодӣ қариб, ки нест. Ҳар чизе, ки муаллим мегӯяд, бачаҳо менависанд ва ҳама гӯё аз кору таҳсил розӣ ҳастанд. Сеюм, муаллимон бачаҳои моро ба омӯхтан не, балки ба азёд кардан бештар ҷалб мекунанд ва вақте ки имтиҳон гузашт азёдкардаҳоро фаромӯш мекунанд. Ва чорум нарасидан ё надодани озодӣ аст.

- Дар ягон мактаби миёна ё хусусӣ дарс намегӯед?

- Не, то ҳол танҳо ба бачаҳо баъзе дарсҳоро дар TajRupt гузаштаам.

- Умед доред, ки ягон кас даъват мекунад?

- Якумаш умед надорам, дуюмаш интизор нестам.

ДАР TAJRUPT МАОШ АЗ 2500 ТО 16 000 - 17 000 СОМОНӢ АСТ


- Азизҷон, дар ин қисмати сӯҳбатамон мехоҳем бобати TajRupt чанд савол аз Шумо пурсем. Нахуст бигӯед, ки раванди қабул кардани талабаҳо чӣ гуна аст?

- Аввалан, бояд бигӯям, мо он бачаҳоеро мехоҳем ва қабул мекунем, ки ягон чизро дар кишвар ба тарафи мусбат иваз кардан мехоҳанд. Яъне талаби мо аз довталабон мушаххас будани мақсадҳо ва мотиватсияҳое мебошад, ки онҳоро метавонад ба қулла расонад. Мо дар ин миён миёнарав ҳастем. Яъне ба бачаҳо кӯмак мекунем, то ки хостаҳояшонро амалӣ кунанд…

- Чанд барнома доред ва онҳо кадомҳоянд?

- Мо дар TajRupt якчанд барнома дорем, ки ба онҳо “Интелекти сунъӣ”, “X-UP” ва ғайраҳо дохил мешавад. Дар умум агар мухтасар гӯем барномаи “Интелекти сунъӣ” ба хонандагон барномасозиро меомӯзад ва дар охири курсҳо талабаҳои беҳтарин соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Масалан, ҳоло дар академияи “Интелекти сунъӣ”-и мо 150 талаба аз се давлат: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон таҳсил карда истодаанд. Аз ҳамин 150 нафар 50 нафарашон дар Тоҷикистон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.


Дуюм, ин барномаи “X-UP” мебошад, ки асосан барои талабагони мактаб пешбинӣ шудааст. Дар он ҷо талабагон барои таҳсил дар беҳтарин донишгоҳҳои дунё аз синни хурдсолӣ тайёрӣ мебинанд. Мо аз синфи 5 қабул карда ва дар шаш сол ҳамон фанҳоеро, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ меомӯзанд, ба шакли содда мефаҳмонем.

- Раванди қабули устодон чӣ гуна аст?

- Бештари устодон нафароне ҳастанд, ки дар хориҷа зиндагӣ ё таҳсил кардаанд. Ин барои мо элементи аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад.

- Як курс то чанд муддат идома меёбад ва чанд сомонӣ аст?

- Аслан бояд зикр кард, ки аз 2017 то охири соли 2020 ҳамаи дарсҳои TajRupt ройгон буд. Мо дар ин муддат ба воситаи грантҳо хароҷотамонро пӯшонида, дарсҳои ройгон медодем, вале ҳоло дарсҳо пулакӣ ҳастанд. Зеро ба дарсҳои бепул бачаҳои мо кам таваҷҷӯҳ карда, камтар мехонанд. Бинобар ин, ба хулосае омадем, ки таҳсили ройгонро аз байн барем. Мо таҳсилро пулакӣ кардем ва даромаде, ки аз дарсҳо мегирем, ҳамонро ба бачаҳои фаъол ҳамчун идрорпулӣ медиҳем.

Бояд бигӯям, ки ҳоло дар Душанбе, Хуҷанд ва 4 ноҳияи вилояти Суғд намояндагӣ дорем. Маблағи таҳсил дар мисоли барномаи “Интелекти сунъӣ” дар Душабе дар як моҳ барои 12 дарс - 500 сомонӣ, дар Хуҷанд - 400 сомонӣ ва дар навоҳӣ аз 50 то 100 сомонӣ аст.

- Дар TajRupt ҳоло чанд нафар кор мекунанд ва маош аз чанд то чанд сомонӣ аст?

- Дар умум 30 нафар коргар дорем ва маошашон аз 2500 то 16 000 - 17 000 сомонӣ мебошад.

ВАҚТЕ КИ МО МЕМИРЕМ...


- Азизҷон, дар ин қисмат мехостам ба чанд саволи пароканда, ки мо одатан онҳоро тарошаи аз бом афтида мегӯем, ҷавоб гӯед.

- Хуб, марҳамат.

- Маоши мо кам аст ва нархи бозору дигар хизматрасониҳо ниҳоят баланд, чӣ бояд кард?

- Нахуст паст кардани андоз, пасон назорати шаффофи идораи давлатӣ дар соҳаи назорати ширкатҳо ва сеюм, хусусӣ кардани макотиби олӣ.

- Вақте ки андозро паст кунем, маош ҳам яку якбора худаш паст намешавад, зеро маоши мо аз андоз бисёр вобастагӣ дорад?

- Не, маош паст намешавад, зеро вақте ки андозро паст мекунем шаффофияти андозсупорӣ таъмин мегардад ва бисёр ширкатҳо, ки ҳоло ду муҳосиб доранд, аз яктояш даст мекашанд.

- Агар ба Шумо вазифаи давлатӣ пешниҳод кунанд қабул мекунед?

- Дар ҳоли ҳозир не, зеро дар ҷойи будаам хизмати зиёд карда метавонам.

- Чаро мо зиндагӣ мекунем?

- Маънои ҳаёт, маънои ҳаётро ёфтан аст.

- Ва охир, вақте ки мо мемирем, чӣ гап мешавад?

- Вақте ки мо мемирем ҳисобу китоби муҳосибии ҳаётро мебинем.

Истеъдод, рафтору гуфтори хуб, чеҳраи зебо: овозхонӣ чӣ гуна касб аст?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(159) "19 соли қаҳрамонии Қаҳрамон. Аввалин мусоҳибаи васеъ бо чеҳраи шинохтаи “Хандинкамон”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11004"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7381"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(102) "/tj/articles/talk/19_soli_a_ramonii_a_ramon_avvalin_muso_ibai_vase_bo_che_rai_shinokhtai_khandinkamon/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3533"
  ["CODE"]=>
  string(83) "19_soli_a_ramonii_a_ramon_avvalin_muso_ibai_vase_bo_che_rai_shinokhtai_khandinkamon"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3533"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

19 соли қаҳрамонии Қаҳрамон. Аввалин мусоҳибаи васеъ бо чеҳраи шинохтаи “Хандинкамон”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(143) "Профессор М. Муродӣ: “Мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10581"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/professor_m_murod_mo_khudamon_so_ai_faoliyatamonro_beobr_karda_istodaem/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3401"
  ["CODE"]=>
  string(71) "professor_m_murod_mo_khudamon_so_ai_faoliyatamonro_beobr_karda_istodaem"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3401"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Профессор М. Муродӣ: “Мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(207) "Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10096"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(123) "/tj/articles/networks/koronavirus_dodoi_umed_on_ro_tavlid_kard_saidakbar_ch_guna_dar_navor_oyash_munosibati_du_naslro_nish/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3238"
  ["CODE"]=>
  string(100) "koronavirus_dodoi_umed_on_ro_tavlid_kard_saidakbar_ch_guna_dar_navor_oyash_munosibati_du_naslro_nish"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3238"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(92) "Смайлик – забони нави муошират: хубӣ ва бадиҳои он"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "9873"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6549"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(71) "/tj/articles/networks/smaylik_zaboni_navi_muoshirat_khub_va_badi_oi_on/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3166"
  ["CODE"]=>
  string(48) "smaylik_zaboni_navi_muoshirat_khub_va_badi_oi_on"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3166"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Смайлик – забони нави муошират: хубӣ ва бадиҳои он

Другие новости