Ru  | Tj
Муаллими гунгҳо бо таҷрибаи 44-сола. Мусоҳиба бо “Дӯст”-и дарафш
Муаллими гунгҳо бо таҷрибаи 44-сола. Мусоҳиба бо “Дӯст”-и дарафш
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Муаллими гунгҳо бо таҷрибаи 44-сола. Мусоҳиба бо “Дӯст”-и дарафш

Нашр шуд

Гуфтори аввал

Сафаралӣ ва пойафзолдӯзӣ

– Пойафзолдӯзӣ яке аз касбҳоест, ки соҳибашро ҳеҷ гоҳ дар ягон кунҷи дунё гурусна намемонад...

- Ҳуқуқшинос аз як давлат ба давлати дигар ҳиҷрат кард, бояд ихтисосу донишашро бо талаботу меъёрҳои ҳуқуқии он кишвар мутобиқ созад ва инро дар маҷмӯъ такмили ихтисос ҳам гӯем хато намешавад, аммо пойафзолдӯзӣ ин тавр нест. Яъне ин касб дар ҳама ҷо як аст...


- Шахсе ки, ин касбро пешаи худ мекунад, ҳамеша соҳиби нон, ном ва иззат аст...

- Кафшдӯзӣ касбе нест, ки аз байн равад, зеро то ҳол технологияе ихтироъ нашудааст, ки монанди инсон кафш дӯзад...

- Дар ҳоли ҳозир пойафзолдӯзӣ, мӯзадӯзӣ, кафшдӯзӣ ва ё худ кӯҳнадӯзӣ аз қабили касбҳоест, ки то андозаи муайян назарногир аст. Вале агар нек нигарем пойафзолдӯз ба воситаи дарафшзанӣ аробаи зиндагияшро ба пеш тела дода истодааст...

- “Ман бо ин касб ном ёфтам, эҳтиром ёфтам, ба мардумам хизмат кардам...”

Ин ҷумлаҳои давомдорро қаҳрамони мо – Сафаралӣ Қарахонов бо як ист пеш аз фаъол кардани диктофон гуфт.

Гуфтори дуввум

Кафшдӯзӣ касбест, ки...

Ному насаби ҳамсӯҳбати навбатии мо Қарахонов Сафаралӣ Лолаевич буда, соли 1959 дар деҳаи Турдии ноҳияи Рӯдакӣ таввалуд шудааст. Ин нафар имсол 44 сол мешавад, ки пойафзолдӯз аст ва таҷрибаи 32-солаи муаллимӣ ҳам дорад. Муаллими оддӣ не, балки муаллими пойафзолдӯзии нафарони аз забон маҳрум (гунгҳо).


Сафаралӣ Қарахонов дар назди бозори марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба пойафзолдӯзӣ машғул аст.

Сафаралӣ Қарахонов ҳамарӯза дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоён ва деркаршудагон ба бачаҳои аз гуфтан маҳрум касби пойафзолдӯзиро меомӯзонад.

Сафаралӣ Қарахонов бо пойафзолдӯзӣ аробаи зиндагияшро 44 сол инҷониб ба пеш ҳаракат дода истодааст.

Сафаралӣ Қарахонов барои он ки ба гунгҳо пойафзолдӯзиро омӯзонад, забони онҳоро омӯхтааст.

Сафаралӣ Қарахонов ҳар сол аз ҳисоби бачаҳои мактаб-интернат то 10 нафарро соҳибкасб мекунад.

Мо бо Сафаралӣ Қарахонов доир ба кафшдӯзӣ, кафшдӯзон, имкониятҳои ин касб, шогирдонашон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоён ва деркаршудагон, роҳҳои омӯзонидани ин касб ва фикру назари мардум ба пойафзолдӯзӣ сӯҳбат кардем.

Гуфтори саввум

Сафаралӣ - пойафзолдӯз

- Шумо чӣ гуна касби пойафзолдӯзиро омӯхтед?

- Ман ёд надорам, ки орзуи касби дигар карда бошам, зеро аз вақти худамро ҳамчун пулёб ва таъминкунандаи зиндагӣ шинохтам дар фикри пойафзолдӯзӣ ҳастам. Ман ин касбро бисёр осон ва сода қабул кардам ва омӯхтам. Як рӯз амакам маро ба назди як устое бурда монд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ин касбро ба ман омӯзонад. Бо гузашти 6 моҳ ман бо ёрии устодам аз тамоми нозукиҳои ин касб бохабар шудам.


- Яъне бо дарафш шумо 44 сол боз шиносед?

- Бале, ин дарафше, ки дар дастам ҳаст, ба ман аз мардум дида наздиктар аст ва бо боварӣ мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ба дасти ман зарар намерасонад. Мо бо ин аз соли 1977 шиносем, “дӯст”-ем ва осонкунандаи кори ҳамдигарем.

- Тақдири ин касб баъди омӯхтан чӣ гуна шуд?

- Ман пас аз омӯхтани ин касб як сол кор кардам ва баъд ба Душанбе даъват шудам. Мо дар ҷое кор мекардем, ки ҳамарӯза садҳо попӯшӣ омода карда мешуд. Яъне кӯҳнадӯз нею пойафзолдӯз шуда кор кардам. Аз заводи пӯсти шаҳри Душанбе барои мо пӯст меоварданд ва мо худамон пойафзол медӯхтем. Бисёри вақт заводи пӯст мерафтам ва аз партовгоҳи он ҷо маводи хом мегирифтаму омада “кроссовки” медӯхтам.

- Шумо то соли 1989 дар Душанбе кор кардед ва?

- Баъди соли 1989 ба зодгоҳ, яъне ба ноҳияи Рӯдакӣ баргаштам ва дар маркази ноҳия макони таъмири пойафзолдӯзӣ кушодам. Барои таъмини рӯзгор ба ҳама кор омода будам, вале боре ҳам ба сарам фикри тарки касб наомад.

- Ҳоло ҳам худатон аз маҳсулоти хом пойафзол омода мекунед?

- Ҳозир дигар худам пойафзол намедӯзам, зеро дар ҳоли ҳозир ашёи хом нест ва фикр мекунам, талабот ҳам ба молҳои худӣ кам аст. Аксар мардуми мо ба сифат не, балки ба сурати рангобаранги пойафзол аҳамият медиҳанд.


- Барои бартараф кардани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?

- Бояд тафаккури мардумро иваз кард. Бояд мо дарк кунем, ки маҳсулоти ватаниро бихарем ва соҳибкорону ҳунармандонро дастгирӣ кунем. Як попӯшии 200 сомона барои иқтисодиёти Туркия мумкин пул ҳам ҳисобида нашавад, вале барои соҳибкорони мо пули кам нест. Мо танҳо ба чунин фикру амалҳоямон метавонем иқтисодиётамонро пешрафта кунему зиёдагиямонро беҳтар.

- Рӯзона то чанд муштарӣ ба наздатон меояд?

- Кори мо аз ҷумлаи корҳоест, ки ба чанд пул ёфтану ба чанд нафар хизмат расонидан кафолат дода намешавад. Шукр, ман рӯзона попӯшҳои то 10 нафарро таъмир мекунам.

Гуфтори ҷаҳорум

Сафаралӣ - устод

- Мо медонем, ки шумо ҳамчунин ба бачаҳои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоён ва деркаршудагони ноҳияи Рӯдакӣ ин касбро меомӯзонед ва агар розӣ бошед ин қисмати суҳбатамон атрофи ин паҳлӯи кори шумо сурат гирад?

- Саломат бошед, марҳамат!

- Шумо чӣ гуна муаллими гунгҳо шудед?

- Ҳоҳ бовар кунед, хоҳ не, ман дар ҳаётам қариб ҳама гардишҳои тақдирсозамро бисёр содаву осон ба даст овардаам. Яке аз муваффақиятҳоям ба фикри худам ин муаллимиям мебошад ва инро ҳам ногаҳониву бидуни даводавҳо ба даст овардам.

Пас аз оне, ки ба ноҳия баргаштам, нуқтаи таъмири куҳнадӯзиям дар наздикии ҳамин мактаб-интернат буд. Рӯзе бо маъмурияти ин даргоҳ маслиҳат кардем ва корро оғоз намудам. Ва инак, аз соли 1989, яъне 32 сол мешавад, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоён ва деркаршудагони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун муаллими пойафзолдӯзӣ фаъолият мекунам.

- Дар ин ҷо шогирдонатон аз кадом синфҳо ҳастанд?

- Аз синфи 5 то 10.


- Инҳо забони гӯё надоранд, гузаштани дарсҳо душвор нест?

- Аз сабабе, ки ин бачаҳо сухан кардан наметавонанд, мо бо имою ишора ба эшон касби мазкурро меомӯзонем.

- Бачаҳо тамбалӣ намекунанд?

- Барои бачаҳои ин ҷо муҳимтар аз ҳама омӯхтани касб аст ва шукр, ки мо ин корро карда истодаем. Тамбал нестанд ва омӯхтан мехоҳанд. Бачаҳои ин ҷо шавқу завқи зиёд доранд ва кӯшиш мекунанд, ки чизе омӯзанд.

- Гуфтаниед, ки мушкилӣ нест?

- Кор бе мушкилӣ намешавад. Барои омӯхтани талабагон ман ҳар як сӯзанзаниашонро мебинам, хато кунанд тарзи дурусташро мефаҳмонам. Корҳои ба итмомрасонидаашонро дида, камбудиҳо ва муваффақиятҳояшонро мегӯям.

- Тақрибан дар як сол чанд шогирд омода мекунед?

- Дар тӯлӣ 32 соли кориям тақрибан ҳар сол то 10 нафар шогирд омода мекунам, ки дар умум метавон гуфт наздики 320 нафарро аллакай пойафзолдӯзӣ касбӣ кардаам.

- Фикри тарк кардани муаллимиро накардаед?

- Не, ман боре фикри тарк кардани инҷоро накардаам ва то ҷон дар бадан дорам ин бачаҳоро ба омӯхтани касбу ҳунар талқин мекунам.

- Саломат бошед, барори кор!

- Раҳмат, ба шумо ҳам барор!



Хуршеди Атовулло: “Кош, мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед