Ru  | Tj
Номи ғайриоддӣ, кор дар “Баҳористон”, блогинг дар Тоҷикистон, рекламаи Instagram ва YouTube ва дигар ногуфтаҳои Рафаел Гулов
Номи ғайриоддӣ, кор дар “Баҳористон”, блогинг дар Тоҷикистон, рекламаи Instagram ва YouTube ва дигар ногуфтаҳои Рафаел Гулов
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Номи ғайриоддӣ, кор дар “Баҳористон”, блогинг дар Тоҷикистон, рекламаи Instagram ва YouTube ва дигар ногуфтаҳои Рафаел Гулов

Нашр шуд

Рафаел Гулов, яке аз блогерони машҳури тоҷик дар сӯҳбат бо Halva.tj доир ба номаш, кор дар Телевизиони “Баҳористон”, фаъолият дар Instagram ва YouTube, блогинг дар Тоҷикистон, андозсупории блогерон, хусусиятҳои блогерӣ дар кишвар ва “минус”-у “плюс”-и фазои маҷозӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша кард.


Катибаи аввал

Номи ғайриоддӣ

Рафаел, ин ном ду сол пеш ба касе шинос набуд, аммо ҳоло аксари ҷавонони тоҷики дохилу хориҷи кишвар ӯро мешиносанд.

Рафаел, ин ном то ду соли пеш танҳо барои аудиторияи Телевизиони “Баҳористон” маҳбуб буд, вале ҳозир ба аксарияти корбарони фазои маҷозӣ писанд аст.

Рафаел, соҳиби ин ном то ду сол пеш махсус барои аудиторияи муайян, ки синну солашон аз 10 то 18-20 буд, барнома таҳия мекард, аммо ҳоло аз маҳсули эҷодаш аз 7 то 70-сола метавонад чизе барои худ бигиранд.

Рафел ҳоло дар Instagram наздики 140 ҳазор ва дар YouTube 80 ҳазор обуначӣ дорад. Бо вуҷуди он ки ин шумора барои тоҷикистониёну тоҷикзабонон рақами кам нест, вале Рафаел бемори “ситорагӣ” нашудааст. Ба зангҳо, ба смс-паёмакҳо, ба шарҳҳо ҷавоб медиҳад.

Номи Рафаелро дар аввалҳо бисёриҳо фикр мекарданд, ки тахаллус аст, вале баъдан ҳамаамон фаҳмидем, ки падараш ин номро ба ӯ гузоштааст.

Рафаел, бисёр таҳаммулпазир аст, зеро дар баробари танқидҳо ва ҳатто таҳқирҳои зиёди корбарони фазои маҷозӣ, то имрӯз истодагарӣ мекунад, аз роҳаш намегардад, корашро дӯст медорад, барои обуначиҳои Instagram-у YouTube-аш пайваста сурату наворҳо пахш мекунад, худашро такмил медиҳад, аз дигарон пайваста меомӯзад ва ба ин дунёву мардум бо чашми дӯстӣ менигарад.


Катибаи дувум

Аз “Баҳористон” то YouTube

Рафаел Гулов хатмкардаи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтисос муаллими забони русӣ мебошад. Вале пешопеши дар мактаби олӣ таҳсил кардан, аллакай роҳи ояндаи худро муайян карда буд.

Ӯ интихоби ояндаашро, ки ҳанӯз дар даврони мактабӣ сурат гирифта буд, чунин ба ёд меорад:

- “Дар овони мактабӣ ман ҳамеша ҳамчун ровӣ дар чорабиниҳои мактаб иштирок мекардам. Соли 2012 дар синфи 11-умиям як рӯз муаллимаам ба ман гуфтанд, ки дар Телевизиони “Баҳористон” барои дарёфти чеҳраҳои нав озмун рафта истодааст, хуб мешавад агар худатро як маротиба дар он ҷо бисанҷӣ.

Қисса кӯтоҳ, дар озмуни “Баҳористон” иштирок кардам. Аз се даври он бомуваффақият гузаштам ва аз миёни тақрибан 400 нафар танҳо 3 нафар ба кор қабул шуданд, ки яке аз онҳо ман будам”.

- Аз кай то кай дар телевизиони “Баҳористон” кор кардед ва кадом барномаҳоро пеш мебурдед?

- “Ман аз моҳи декабри соли 2012 то моҳи сентябри соли 2017 дар телевизиони “Баҳористон” кор кардам. Корро аз омода кардани ҳар гуна гузоришҳои кӯтоҳ оғоз намуда, баъдтар дар барномаи “Як соат” бароям бахши “Як сир”-ро доданд, -мегӯяд Рафаэл.

Ин вақте буд, ки Рафаел малакаву маҳораташро ба маъмурияти телевизион оҳиста-оҳиста ошкор мекард ва баъд аз чанде ровигии барномаи “Як соат”-ро бар зиммааш гузоштанд. Як муддат барномаи “Ифтихор”-ро пеш мебурд, дар барномаи “Парвин” дар паси парда хизмат мекард, барои таҳияву пахши барномаҳои зиёди солинавӣ хизмат мекард ва дар ду соли охири кораш қариб дар 10 барномаи ин телевизион саҳм дошт. Аммо бо ин ҳама далелҳое, ки дар “Баҳористон” одами даркорӣ аст, соли 2017 аризаи истеъфо навишт. Мо дар ин хусус аз Рафаел бисёр напурсидем, танҳо худаш сабабашро гуфт:

- Ман аз телевизион бисёр омӯхтам. Аз ҳама нафароне, ки он ҷо буданду ҳастанд розиям ва чизе ёд гирифтаам, аммо бо гузашти солҳо ман дидам, ки зиндагӣ кардан бо маоши телевизион мушкил мешавад, баъзан барномаву лоиҳаҳое, ки дар сарам пайдо мешуданд ба эфир баромаданашон иҷозат набуд. Дар он ҳолат мушоҳида кардам, ки дар YouTube ҳам пули зиёдтар ва ҳам озодии бештар ёфта метавонам, вақте чунин имкон пайдо шуд блогериро оғоз кардам.

Катибаи саввум

Instagram ва YouTube: як фазо, ду муҳит

- Рафаел, ман саҳифаи шуморо дар YouTube дидам, аввалин видеои гузоштаатон мусоҳиба бо Сафармуҳаммад Рустам буд. Чаро маҳз бо ӯ сурат гирифт?

- Бале, аввалин контенти ман дар YouTube соли 2018 мусоҳиба бо Сафармуҳаммад Рустам буд. Ростӣ, он замон ба бисёре аз ситораҳоямон навишта будам, ки мехоҳам бо онҳо сӯҳбат дошта бошам, вале ягона нафаре, ҷавоб дод ва розӣ шуд, Сафармуҳаммад буд. Фикр мекунам як мусоҳибаи хубу диданӣ ҳам анҷом дода будем.

- Ба мусоҳибонатон пул медиҳед?

- Аблатта, ҳоло дар хориҷа ба меҳмонони барномаҳо пул додан яке аз сабабҳоест, ки мусоҳиб иштирок мекунад, вале ин дар мо чандон васеъ қабул нашудааст ва ман то ҳол ба мусоҳибонам пул надодаам.

- Шумо ҳам дар Instagram ва ҳам дар YouTube саҳифа доред, бигӯед, ки ба кадоме аз инҳо вақтатонро бисёр сарф мекунед, кори кадомиро кардан бароятон осонтар аст ва аз кадомаш пули зиёд меёбед?

- Ман бештар вақтамро дар Instagram сарф мекунам. Кори Instagram ҳам осон аст ва ҳам вақти кам талаб мекунад. Масъалаи даромад бошад каме дарҳамбарҳам аст, яъне вобаста ба вақт. Агар дар моҳе, ки ба YouTube вақти зиёд сарф кунам, ҳатман даромади зиёд меорад.

- Рекламаҳоро дар Instagram ва YouTube чӣ гуна қабул мекунед ва тақрибан дар як моҳ чанд реклама аз Шумо мехаранд?

- Ман менеҷер дорам ва қабул кардани рекламаҳо кори ӯст. Моҳона шумораи рекламаҳоро касе аниқ гуфта наметавонад, зеро моҳе мешавад, ки дар Instagram то 5-6 реклама аз мо мехаранд ва боз моҳи бидуни он ҳам ҳаст. Дар YouTube бошад, қариб ҳар навори ман реклама дорад.


Катибаи чаҳорум

Бояд блогерон андоз супоранд

- Рафаел, метавонед 1 “минус” ва 1 “плюс”-и калони блогериро дар Тоҷикистон бигӯед?

- Ман як “минус”- ро мегӯям, ки бо гузашти вақт ба “плюс” табдил ёфт ва барои ин савол ҷавоби мувофиқ ҳам ҳаст. То ду сол пеш мардуми мо фаъолияти блогеронро ҷиддӣ намегирифтанд, ки “минус”-и калон маҳсуб меёфт. Вале чун ҷомеаи мо хуб дарк кард, ки дар баробари ВАО блогерон ҳам фаъол ҳастанд ва маҳсулоти навтару озодтар ва ҳатто дар баъзе мавридҳо пештар пешниҳод мекунанд.

- Ман саволи мазкурро, такроран медиҳам, аммо ба ҷойи калимаи “блогерӣ” мафҳуми “блогинг”-ро мегузорам, ҷавоб чӣ мешавад?

- Дар Тоҷикистон “минус”-и калон ин аст, ки мардуми мо ҳама чизро аз як нуқтаи назар қабул мекунанд. Яъне агар ту дар наворҳо хурсанд ҳастӣ ва ҳамеша механдӣ, гӯё тамоми умр ту шодмонӣ. Инчунин “минус”-и дигар ин аст, ки блогерон бештар фикри худашонро нею фикри аудиторияаашонро ба навор мегиранд. Фикри худашонро камтар пешниҳод мекунанд, зеро ҳоло ҷомеа омода нест.

- Ҷавоби нопурра...

- Барои чӣ?

- “Плюс”-и блогинг дар Тоҷикистон ногуфта монд.

- “Плюс” пайдо шавад мегӯям.

- Ба блоггерӣ дар Тоҷикистон зиндагии хуб ва қарз надоштан мумкин аст?

- Ба фикрам мумкин аст, зеро ба чӣ гуна зиндагӣ кардану чӣ тавр даромад ёфтан пеш аз ҳама ба ҳар блогер вобаста аст. Агар дар кораш фаъол бошад метавонад бе ягон қарз зиндагиашро пеш барад.

- Шумо ҳоло метавонед аз ҳисоби блогериятон мошин ё хона бихаред?

- Айни ҳол не. Вале фикр мекунам, ки дар оянда метавонам.

- Баҳои шумо ба блогинг дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Мутаассифона бозори блогингии мо то ҳол ҳам рушд накардааст.

- Дар ин самт чӣ мушкилӣ аст?

- Аксарият маҳсулоти пастсифат пешниҳод мекунанд, ҳамчунин ба идеяҳо, ки аксараш нусхабардорӣ аст, кор намекунанд. Масалан, ман ҳоло дар сегменти тоҷикии YouTube “контент”-и ба таъби дилам намеёбам.

- Чӣ бояд кард?

- Фикр мекунам, ки агар шумораи блогерон аз ҳисоби нафароне, ки дар ҳақиқат ба ин кор машғул шудан мехоҳанд афзояд, сабқат пайдо мешавад ва сатҳи блогерӣ дар кишвари мо хеле ҳам хуб мешавад.

- Дар масъалаи андоз супоридани блогерон чӣ назар доред?

- Дар ин масъала фикрамро баён карда будам. Ман бо ин розӣ ҳастам. Зеро касе, ки фоида ба даст меорад, бояд андозро супорад.


Аз дилсофиву таҳаммулпазирӣ то 3 маслиҳат ба блогерони навкор

- Ба фикри шумо бояд блогер чиҳоро бидонад ва кадом хусусиятҳоро дошта бошад?

- Блогер бояд дилсоф, таҳаммулпазир, кам-кам бешарм бошад. Илова бар ин, аз техникаи муосир, мавзӯҳои замонавӣ ва умуман вазъи ҷомеа бохабар бошад.

- Баъзан дар “сториз”-ҳои шумо мебинем, ки ба обуначиҳоятон дар мавзӯҳои мухталиф ибрози назар мекунед ва ин хуб аст. Идеяи ҳамин коратон аз куҷо пайдо шуд?

- Ман ҳамеша наворҳои блогерони дигар давлатҳоро тамошо мекунам. Ва ба чунин хулоса омадам, ки ба ғайр аз шӯхию “девонагӣ” дар “сториз”-ҳоям мавзӯҳои муҳимро низ бо аудиторияам расонам.

- Баъзан блогерҳо, ровиҳо ва ҳатто актёрҳо ҳам овозхон шуда истодаанд, шумо чунин ният надоред?

- Ин фикрро дорам, аммо ҳамчун овозхони номӣ бо дигарон рақобат кардан намехоҳам, танҳо барои аудиторияи худам мехонам.

- Се блогери пешқадами Тоҷикистон киҳоянд?

- Баҳрон, Абдурозиқ ва Диловар Сафаров.

- Се блогери пешқадами Русия киҳоянд?

- Юрий Дуд, Настя Ивлеева ва Карина Крос.

- Метавонед чанд маслиҳат ба блогерони навкор диҳед?

- Ҳар нафаре, ки блогер шудан мехоҳад бояд дигар блогеронро бисёр тамошо кунад ва тамошоро барои тамошо не, балки барои омӯхтан анҷом диҳад. Дуюм, интизори таҷҳизоти гаронарзишу гурӯҳи муаллифон нашуда, бояд бо телефон корро оғоз кард. Ва сеюм, бояд ба аудитория кӯшиши пешниҳод намудани маҳсулоти даркориро кард.



Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед