Ru  | Tj
Омӯзиш, кор ва кӯшиш. Се формулаи ҳаётии Мубориз Субҳонов
Омӯзиш, кор ва кӯшиш. Се формулаи ҳаётии Мубориз Субҳонов
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Омӯзиш, кор ва кӯшиш. Се формулаи ҳаётии Мубориз Субҳонов

Нашр шуд

Мубориз Субҳонов ду маълумоти олӣ ба даст овардааст, ки яке дар соҳаи тиб ва дигаре дар соҳаи ҳуқуқ аст. Вале ӯ аз рӯи ихтисосҳояш фаъолият накарда, бал ба кори дӯстдоштааш машғул аст. Мубориз таъсисдиҳанда ва роҳбари ширкати “Шедевр” ва созандаи “Сливки медиа” мебошад. Кори дӯстдоштааш барномасозӣ ва умуман соҳаи IT ба шумор меравад.

Мо бо Мубориз Субҳонов доир ба таҳсил, рушди соҳаи IT дар Тоҷикистон, санаҳои муҳимми ҳаёт ва кори дирӯзу имрӯзаш суҳбат намудем.


- Чун ҳоло шом аст, биёед, суҳбатро аз кори имрӯзаи Шумо оғоз мекунем. Яъне роҳбари як корхона имрӯз чанд соат кор кард ва кадом корҳоро ба анҷом расонид?

- Соҳаи бизнес ва роҳбарӣ реҷаи муайяни корӣ надорад. Масалан, кори дирӯза, ки бевосита ба фармоиши муштариёнамон буд, то соати панҷи ин субҳ давом кард. Чанд соат хоб кардам ва боз ба корхона омада, баъзе корҳои сабукро анҷом додаму ду вохӯрӣ доштам. Яъне ман ҳамарӯза дар кори ширкат, суҳбат бо муштариён, маҷлисҳои корхона ва вохӯриҳо бо шахсони гуногун ҳастам.


- Аввалин коратон дар соҳаи IT ин сохтани WAP-чат буд, ки бо ёрии он онлайн - мағозаҳо муштариёни худро меёфтанд. WAP-чатро Шумо дар 16-солагӣ сохтед ва ин кор яке аз дилгармиҳое буд, ки дар ин соҳа бимонед. Модоме ки дар 16-солагӣ самти муайяни фаъолият маълум буд, пас чаро дар риштаи табибӣ таҳсил кардед?

- Ман он замонҳо аслан дилкашоли соҳаи IT будам. Вале аз як ҷониб соҳаи дӯстдоштаи маро дар макотиби олии мо таълим намедоданд, аз сӯи дигар падару модар маро ба табибӣ роҳнамоӣ карданд, чун худашон табиб буданд.

- Агарчи волидон талқини таҳсил дар соҳаи тибро мекарданд, худатон ягон маротиба фикр накардед, ки пурра ба кори дӯстдоштаатон – соҳаи IT гузаред ва таҳсилро қатъ кунед?

- Ҳатто фикрашро накарда будам, зеро табибиро беҳтарин касби сайёра меҳисобам ва пайдоиши пандемияи коронавирус бори дигар ин далелро исбот кард.


- Ҳафт соли ҳаёти Шумо дар таҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сипарӣ шуд, пушаймон нестед?

- Не, ба ман дар донишгоҳ беҳтарин муаллимон дарс додаанд ва ҳама дониши доштаамро аз соҳаи тиб дар зиндагиям истифода мебарам.

- Дар баробари маълумоти тиббӣ доштан, Шумо инчунин дипломи ҳуқуқшиносӣ низ доред, чаро дар соҳаи ҳуқуқ таҳсил кардед, дар ҳоле, ки дар ин соҳа ҳам кор кардан намехостед?

- Ба фикре ҳастам, ки дониши иловагӣ ҳеҷ вақт бар зарар нест. Ман барои масъалаҳои ҳуқуқиро фаҳмидану ҳал кардан имкон пайдо намудам, ки дар соҳаи ҳуқуқ таҳсил кунам ва ҳар чизе, ки омӯхтам, дар кори ҳаррӯзаам истифода мебарам.


- Ҳоло аз сатҳи пасти таълим дар макотиби олии мо мегӯянд...

- Манзуратонро фаҳмидам, вале ман шикоят надорам. Бал ба фикре ҳастам, ки дониш андӯхтан, фаҳмиш доштан, ҷаҳонбиниро васеъ кардан, ин пеш аз ҳама ба ҳар шахс вобаста аст. Донишҷӯ худаш фаҳмиш надошта бошад, кӯшиши чизе омӯхтан накунад, таҳсил кардан нахоҳад, пас айби макотиби оливу муаллимон дар чист?

- Шумо таъсисдиҳанаи IT-ширкати “Шедевр” ҳастед, маълумоти пурраи барномасозӣ доред?

- Агар маълумот гуфта дипломро дар назар дошта бошед, надорам. Вале агар фаҳмиши иҷрои амалиётҳоро бигӯед, албатта дорам. Яъне ман дар соҳаи IT дар ягон мактаби олӣ таҳсил накардаам, аммо дар ин соҳа шавқ, кӯшиш ва таваҷҷӯҳи зиёд доштаму дорам. Вақте ки кӯшиш бошад, шавқ бошад, таваҷҷӯҳ бошад, пас ҳама чизро аз худ кардан осон аст. Ман соҳаи IT-ро бештар аз интернет омӯхтам ва ҳоло ҳам меомӯзам.


- Дар ҷомеаи мо бисёранд нафароне, ки аз рӯи ихтисосашон кор намекунанд, ба фикри Шумо ин ҳолат чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?

- Ман ба фикре ҳастам, ҳар нафар дар кадом касбу коре, ки кор кунад, хоҳ аз рӯи ихтисос бошад, хоҳ шуғли дӯстдошта, бояд ҳатман доир ба он кор донишу фаҳмиши амиқ дошта бошаду онро дӯст дорад.

- Чӣ гуна номи ширкататонро "Шедевр" номгузорӣ кардед?

- Ростӣ, дар аввал номашро M-SOFT (Muboriz-Software) гузошта будам, вале чун фикри сохтани бренде, ки ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он муваффақу шинохтаро доштам, дар ҷустуҷӯи номи дигар шудам. Пасон хеле ном ҷустуҷӯ кардам ва рӯйхати номҳоеро ҳам тартиб додам, аммо сари номе хулоса бароварда натавонистам. Рӯзе намедонам кадом мусиқиеро гӯш карда истода будам, ки дар он чанд маротиба калимаи “Шедевр” гуфта мешуд ва ин ҳолатро ишорае донистам. Чун он замон фақат дар бораи ном фикр мекардам. Ин калима зуд бароям писанд омаду номи ширкатро ба он иваз кардам.


- “Шедевр”чӣ кор мекунад?

- ҶДММ “Шедевр” асосан ду самти кор дорад. Якум, IT ва дуюм Digital marketing. Яъне мо IT-барномаҳо ва сомона месозем, барномаҳои мобилиро коркард мекунем, корҳои дизайнерӣ мекунем, масъалаҳои рекламавиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои тарғиби саҳифаҳо ба роҳ мемонем ва умуман дар интернет хизматрасониҳои маргетингӣ мерасонем.

- Агар “Шедевр” намебуд, ҳоло Шумо чӣ кор мекардед?

- Бовар кунед, аниқ намедонам. Шояд дар ягон беморхона дандонпизишк ё дар ягон корхона ҳуқуқшинос мебудам.


- Агар Шумо намебудед, “Шедевр” мебуд?

- Мумкин бо ҳамин ном ягон корхона мебуд, вале аниқ гуфтан мушкил аст, ки айнан чун ширкати “Шедевр” фаъолият мекард.

- Волидон дар сохтани ширкататон чӣ кӯмак кардаанд?

- Ёрии онҳо пеш аз ҳама компютере буд, ки чандин сол пеш ба ман харида буданд. Умуман кӯмаки волидонам бисёр аст. Онҳо аз ман розӣ ҳастанд, дуо медиҳанд, дилбардорӣ мекунанд, фикри нав медиҳанд ва роҳнамоӣ мекунанд.

- Дар аввал падаратон ба фикре буданд, ки Шумо ба кори ҷиддӣ машғул нестед ва баъди чанде ба хулосае омаданд, ки коратон ҷиддӣ аст, чӣ гуна фикри онҳо дар мавриди коратон дигар шуд?

- Маслиҳату машварати мо хеле тӯл кашид. Вале вақте ки сомонаи сохтаам барои ба ҷашни Наврӯз соҳиби Шоҳҷойизаи "Сомонаи беҳтарини наврӯзӣ" гардид, аз донишгоҳ волидонамро хабар карданд. Онҳо аз муваффақияти ман хеле хурсанд шуданд ва то андозае назару нигоҳашон ба кори дӯстдоштаам тағйир кард. Онҳо ба кори мо сарфаҳм рафтанд, ки мо барномаҳои компютериро на танҳо истифода мебарем, балки онҳоро месозем. Ҳамин тавр, дар бобати кор дар соҳаи IT роҳнамову дӯогӯ шуданд.


- Шумо чӣ гуна дар он озмун иштирок кардед ва маҳсули эҷодатонро дар чанд муддат сохтед?

- Шояд бовар накунед. Вале се рӯз қабл аз баста шудани озмун ҳамин эълон дастраси ман шуд, яъне хеле дер бохабар шудам. Рӯзи 25 -уми март эълонро аз дӯстонам тариқи почтаи электронӣ дастрас кардам. Ба масъулони озмун телефонӣ суҳбат кардам, ки оё ҳанӯз фурсат ҳаст, ки сомонаи сохтаи худро ба онҳо пешниҳод кунам? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, то нисфирӯзии 27 - уми март вақт доред. Аз соати 10-и рӯзи 26-уми март оғоз карда, то субҳи 27 -уми март сомонаро омода намудам ва ба озмун пешниҳод кардам. Як чизи дигар ин аст, ки дар ҳамин шабу рӯз дар баъзе ҷойҳо аллакай хомӯш кардани қувваи барқ оғоз шуда буд ва ман тарс аз он доштам, ки шояд барқи моро ҳам ҳамин шаб хомӯш накунанд. Аммо бахтам омад карду ҳамон шаб барқро хомӯш накарданд ва ман то субҳ корро анҷом додам.

- Барои сохтани сомона кӣ ба Шумо кӯмак кард?

- Дӯстон эълонро ба ман расониданд, ки аз онҳо сипосгузорам. Дигар дар як шаб худам дар танҳоӣ сомонаро омода сохтам.

- Кори Шумо ба интернет бисёр алоқаманд аст, дар ин баробар, дар ҷомеаи мо аксари нафароне, ки корбари фазои маҷозӣ ҳастанд аз сифати пасти суръати интернет дар кишвар шикоят мекунанд. Назари Шумо дар ин бора чист?

- Ман шикоят надорам. Ростӣ он чизе ки мехоҳам меёбаму мегираму истифода мекунам.



- Такрор ба такрор кардани кадом кор бароятон писанд аст?

- Омӯзиш, маълумоту дониши нав гирифтан, варзиш ва ба сайёҳат рафтан.



- Агар имкон мебуд, ки ба башарият мактуби кушоди хаттӣ равон кунед, чӣ менавиштед?

- Ҳама чиз гузаранда аст.


- 3 маслиҳати шумо ба ҷавонон.

- Бисёртар омӯзанд, зиёдтар ҳаракат кунанд ва аз падару модар дуои нек бигиранд.


Зебоиофар ва “шаклдиҳандаи ҳаёт”. Баҳром Маҳмадалиев дар бораи бурду бохти меъморӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед