Ru  | Tj
“Профессор графических наук”. Дониёр Сангинов чӣ гуна дизайни графикиро омӯхту меомӯзонад?
“Профессор графических наук”. Дониёр Сангинов чӣ гуна дизайни графикиро омӯхту меомӯзонад?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Профессор графических наук”. Дониёр Сангинов чӣ гуна дизайни графикиро омӯхту меомӯзонад?

Нашр шуд

Ҳамсӯҳбати имрӯзаи мо Дониёр Сангинов аст. Ӯ дизайнери графикӣ буда, 9 сол мешавад, ки дар ин соҳа фаъолият дорад. Се соли охир ҳамчун коргари озод кор мекунад. Ӯ ҳоло дар маркази таълимии “Илмхона” дарс медиҳад.

Дониёр дар оилаи оддӣ таваллуд шудааст. Дар мактаб то синфи 9 пурра бо баҳои “5” таҳсил мекард. Дар синфҳои 10-11 то андозае давраи тағйирёбӣ оғоз гардид ва дар баҳоҳояш ҳам дигаргунӣ пайдо шуд, вале донишу малакаи заруриро гирифт. Ӯ хатмкардаи Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар Душанбе  бо ихтисоси муҳандис мебошад. 

Мо бо Дониёр сӯҳбати муфассале доштем, ки мазмунан роҳи тайнамудаи ӯро дар соҳаи дизайни графикӣ, аз ҷумла интихобу омӯзиш, кору таҷриба андӯзӣ ва омӯзонидан ба дигарон бозгӯ мекунад. 

ДУШВОРУ ОСОН 

- Шумо дар пештоқи саҳифаҳоятон дар Instgram ва Telegram “профессор графических наук” навиштаед, чаро? 

- Ин як ҳазл аст. Бачаҳо маро дар “Илмхона” “сенсей” ва “устод” мегӯянд ва ҳазл карда, “профоссор графических наук” навиштам. Ростӣ намедонам ин ҷумла ба мардум чӣ гуна мерасад, вале ба ман дар баробари ҳазл буданаш ангезаи калон ҳам медиҳад. 

- Ҳоло дизайнери графикӣ ҳастед, бигӯед, ки ин мафҳум дар ҳаёти Шумо чӣ гуна пайдо шуд?

- Ҳамааш аз шӯхиҳо бо ҳамсинфон оғоз шуд. Вақте ки дар синфи 9 мехондам бо ҳамсабақонам ҳар гуна расму овезаҳо бо мазмунҳои фалонӣ гум шудааст ё фалон чиз лозим аст тасвир карда, дар роҳравҳои мактаб мемондем. Пасон ман бо барномаи Adobe Photoshop кор карданро оғоз кардам ва рафта-рафта ин соҳа бароям шавқовар шуд. Дар натиҷа, ба худомӯзӣ оғоз кардаму дар соли аввали донишҷӯӣ ба кор даромадам.

- Ин касбро чӣ гуна омӯхтед?

- Вақте ки омӯхтани дизайнро оғоз кардам ба мисли имрӯз шароит ва имконот набуд. Яъне агар ҳоло дизайни графикиро дар марказҳои омӯзишӣ ё аз наворҳои таълимии YouTube омӯхтан имкон дошта бошад, пас ман танҳо аз мақолаҳои мавҷуда ва ҳамчунин худам хато кардаву таҷриба гирифта, то андозаи лозимӣ ба ин касб шинос шудам ва ба ин мазмун метавон гуфт, ки барои омӯхтани ин касб вақтамро бисёр сарф кардам.  

- Шумо тақрибан дар се сол ин касбро омӯхтед, чун ҳоло имконот ва шароит зиёду хуб аст, дар чанд муддат метавон ин касбро омӯхт?

- Ҳоло барномаи таълимии мо дар “Илмхона” се моҳро фаро мегирад, ки он се қисмро ташкил медиҳад. 

- Дар се моҳ пурра ин касбро омӯхта мешавад? 

- Бале, вале ҳама чизро не. Зеро бисёр донишу малакаҳое ҳастанд, ки дар натиҷаи кор ба даст меоянд. Ҳар фармоиш, ҳар фикр, ҳар нукта метавонад барои соҳибкасб шудан мусоидат кунад. Яъне метавон гуфт, ки дар се моҳ донишҳои зарурӣ ва самти кор муайян карда мешавад.

- Барои кор дар касби чӣ лозим аст Шумо?

- Барномаҳо бисёранд ва ҳар дизайнер вобаста ба самти худ дар барномаҳои алоҳида кор мекунад. Барои дизайнери графикӣ ҳоло маҷмӯи барномаҳои Adobe истифода мешаванд. Масалан, Adobe Photoshop, Adobe Illustrator, Adobe InDesigh ва ғайраҳо.

- Ҳоло ин касб ба ҷомеа чӣ нафъ расонида метавонад?

- Кори мардумро осон мекунад, зебоиҳои зиёд мебахшад ва то қадри имкон ҳама ашёҳое, ки ҳамарӯза мо мебинем ба таври зебо нишон медиҳад.

- Барои мисол чӣ гуна кори моро осон мекунад?

- Масалан, Шумо як мағоза доред. Барои мағозаатон логотип лозим аст, ҳар маҳсулоти ба фурӯш гузоштаатонро бояд ба таври зебо ва фаҳмо ба намоиш гузоред, тамоми намуди хизматрасониятонро дар шакли овеза дар фазои кушод ё интернет тарғиб кунед ва ҳамаи ин корҳоро дизайни графикӣ мекунад. 

- Дизайнери графикӣ дар куҷо кор карда метавонад?

- Дар ҳама ҷо. Ҳоло ин касбест, ки дар дилхоҳ корхона ба ӯ эҳтиёҷ доранд. Масалан, вазорат, кумита, корхона, бонк, бозор, маркази хизматрасонӣ, телевизион... 

- Дар як рӯз чанд соат кор мекунед? 

- Ман метавонад дар як шабонарӯз 2 соат ва боз метавонам 15-16 соат кор кунам. Ҳоло, ки коргари озод ҳастам ба андозаи фармоишҳо кор мекунам. Яъне агар мақсадатон зиёд кор кардан бошад, ман аз кори зиёд ё фармоишҳои бисёр ҳеҷ вақт хаста намешавам ва кор мекунам. 

- Чун реҷаи озоди корӣ доред, оё бо ин шакли кор метавонед зиндагиятонро пеш баред? 

- Бале, вале набояд фаромӯш кард, ки ҳамааш аз соҳибкасб вобаста аст. Ҳар нафар ба қадри фаҳмиш, қобилият ва кораш музд меёбад. 

- Фикре надоред, ки касбатонро иваз кунед?

- Ростӣ, баъзе вақт ин фикр пайдо мешавад.

- Дар кадом ҳолат?

- Баъзан “ситораҳо”-ямон бо фармоишгар мувофиқ намеоянд, вале ман аллакай қабул кардаам, ки бояд каме сабр кард ва ба пеш ҳаракат намуд. Зеро медонам, ки кори дилхоҳ соҳибкасб наметавонад ба ҳама писанд шавад.

- Дар асл Шумо дипломи муҳандисӣ доред, фикр накардед, ки аз рӯи ихтисос кор кунед?

- Не. Фикр мекунам ҳоло наметавонам бо як кори расмӣ рӯзгорро таъмин кунам. 

- Ба ҷуз дизайн дар бораи чизи дигаре фикр мекунед? 

- Бале, дар ҳоли ҳозир каму беш дар бораи сармоягузорӣ фикр карда истодаам ва мумкин дар оянда дар ин самт ҳам фаъолият дошта бошам.

ДУ ПАҲЛӮИ ИН СУҲБАТ

- Мегӯянд одами муваффақро аз рӯи формулаи зерин муайян мекунанд: нафаре, ки кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад, ба оилааш вақт ҷудо мекунад ва барои инкишофи донишу малакааш талош меварзад. Оё дар Шумо ин формула пурра риоя мешавад? 

- Бале, ин ҳама дар ман ҳастанд. Аз дизайни графикӣ ҳам ҳаловат мебарам ва ҳам зиндагиямро таъмин мекунам. Ба оилаам вақти муайянро ҷудо мекунам, ки онҳо ҳам розиянд. Ва аз омӯхтани чизҳои нав ҳам дар канор нестам.

- Аз телевизион, радио ва газетаҳои кишвар чизе ба худ гирифта метавонед? 

- Не, зеро ман маълумоти заруриямро аз интернет мехонаму мебинаму мешунавам.

- Аз интернет чӣ меҷӯед?

- Дар бораи касбам ва чанд вақти охир дар бораи сармоягузориву иқтисод.

- Мешавад ҳолате, ки худатонро дар ҷои дигаре монед ва бигӯед, ки агар дар ҷои фалонӣ мебудам фалон корро мекардам?

- Не. Ман умуман намехоҳам чунин фикрҳоро дошта бошам, ҳар коре ки анҷом додан мехоҳам, худам дар ҳолати кунуниям иҷро мекунам. 

- Фикр накардаед, ки карикатура ҳам тасвир кунед?

- Не, ин самти ман нест.

- Як тарафи мусбат ва як паҳлӯи манфии ин сӯҳбатро метавонед бигӯед?

- Паҳлӯи мусбат ин аст, ки мумкин барои касе ангеза дода тавонад, зеро дар ин пайраҳаи тайнамудаам шояд чизе бошад ва тарафи манфияш хуб тайёрӣ надиданам аст. 



Урун Кӯҳзод: “Мутаассифона, баъзе суханҳо ба гӯши одамони даркорӣ нарасиданд....”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед