Ru  | Tj
Тағоймурод Розиқов: Агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем
Тағоймурод Розиқов: Агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем
Аксҳо: Halva.tj

Тағоймурод Розиқов: Агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем

Нашр шуд

Тағоймурод Розиқов, ки хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (соли 1964) ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Москва (соли 1971) мебошад, аз соли 1971 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов нақш меофарад. Нақшҳои офаридаи Тағоймурод Розиқов, ба монанди Балаъмӣ, Туғрал, Файз Аҳмад Файз, Раис ва ғайра дар ёду хотироти тамошобинон ба таври ҳамешагӣ нақш бастааст. Профессор Иброҳим Усмонов бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода – Тағоймурод Розиқов атрофи фаъолияти ҳунарии ин ҳунарпеша ва дигар паҳлӯҳои санъати театр дар Тоҷикистон сӯҳбат оростанд, ки хостем порае аз онро ба хонандагони муҳтарами Halva.tj пешниҳод кунем.

И. Усмонов: - Имсол ба Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи Луначарскийро хатм кардани гурӯҳи шумо 50 сол пур шуд. Панҷоҳсолагӣ муборак! Шумо бо кадом орзуву умед ба театр омадед ва ба фикри Шумо ҳамкурсонатон ба санъати тоҷик чӣ доданд?

Т. Розиқов: - Ман гумон мекунам, ки ҳамкурсони мо шарафи санъати тоҷикро дар ҳамин муддати 50 сол хеле боло бардоштанд, чӣ аз ҷиҳати драмматургия ва чӣ аз ҷиҳати ҳунар, синамо ё коргардонӣ. Дар санъат соҳае нест, ки ба он даст назада бошем ва он ҳам бо муваффақият. Устодони мо мегуфтанд, ки агар аз байни шумо дуто ҳунарманд барояд, мо метавонем ором хоб кунем. Лекин, шукри Худо, инро бинед, ки аксари бачаҳое, ки якҷоя тамом кардем, унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро доранд. Ман бачаҳо гуфта, духтаронро низ дар назар дорам. Ҳамаашон дар санъат ҷою мавқеи худро доранд. Аз байни духтарон бисёрашонро ном бурдан мумкин аст. Масалан, дар бораи Мавлудахон Обидова худатон навиштед. Боз дар қатори ин кас Гулсара Абдуллоева, Дилбар Умарова, Раҷабгул Қосимова, Соҳибсултон Алиназарова, Асалбегим Саодатова - ҳамаи инҳо ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ҳастанд. Мардҳо ҳам ҳамин хел. Ба студияе, ки баъди хатм театр ташкил кардем, 50 сол пур мешавад. Мо гумон дорем, ки умри ин театр дароз хоҳад буд. Чунки ин театрро бо нияту орзуҳои нек кушода будем. Театр мисли ҷавонии мо ҳамеша ҷавон мемонад. Спектаклҳои нав ба наваш, ҳунарпешаҳои нав ба наваш ҳамеша онро ҷавон нигоҳ медоранд.

И. Усмонов: - Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийро чанд нафар хатм карда будед?

Т. Розиқов: - Мо бисту чор нафар хатм карда, ба Ватан баргашта будем. Як гурӯҳамон бо сабабҳои гуногун аз саҳна дур рафтанд. Боз тахминан ҳафт нафар ҳамкурсонам аз дунё гузаштанд. Вале аксариятамон, яъне зиёда аз панҷоҳ фоизамон имрӯз фаъолият дорем.

Ман бо ҳамкурсонам ифтихор мекунам. Масалан, яке аз онҳо Қурбон Ҳомидов – он шахсе, ки дар 19 – солагӣ нақши Темирязро бозӣ кардааст. Ин кори осон нест. Тавре нақши ин олими бузургро иҷро кард, ки дар Москва устодон, дар Душанбе тамоми мухлисон аҳсан гуфтанд. Бузург буд, барвақт моро тарк кард. Боз Даврон Алиматов ҳам ҳофиз ва ҳам ҳунарманди хуб буданд...

И.Усмонов: - Худи Шумо – Тағоймурод Розиқов, ана, актёри тавонманди сеюмашро ман мегӯям...

Т. Розиқов: - Хай, ана ман Тағоймурод Розиқов, Шодӣ Солеҳов, Ғолиб Исломов, Амон Қодиров, Исфандиёр Ғуломов, Ашӯрмад Ғуломов, Сафаралӣ Қурбонов, Бердӣ Мингбоев, ки ҳоло театри худашро дорад. Султоншо Муқаддамов, Малика Ҷӯрабекова, Гулбегим Зоҳолшоева ва Зафар Ҷаводов, ба фикрам номи ҳамаашонро гуфтем.

- Дар ташаккули театр ва ҳунари актёрии ҳамкурсони Шумо боз кадом ҳунармандон ё режиссёрони тоҷик ном бурдан мумкин аст?

Т. Розиқов: - Ҳамроҳи мо бисёриҳо кор карданд. Аввалин режиссёри театрамон Ҳабибулло Абдураззоқов буданд. Баъди он кас Ланге Владимир Якович омаданд. Тӯрахон Аҳмадхонов, Долинов, Эргаш Масафоев (аз Тошканд) бисёр режиссёрони боқувват буданд, дар театри мо кор намуда, як табаддулот ҳам карданд. Ҳамчунин, Шамсӣ Қиёмов, Музаффар Хаёлов, Абдулҳафиз Қодиров низ ҳунармандони барҷаста ба ҳисоб мераванд.

И.Усмонов: - Ҳамкурсони Шумо, дар якчанд театр корро пеш бурданд...

Т. Розиқов: - Бале, масалан, Зафар Ҷаводов дар ташаккули Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва ҳам Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов нақши бебаҳо дорад. Бердӣ Мингбоев театри кӯдаконаро таъсис дод, ки то ҳол дар ҳайати Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов фаъолият мекунад. Абдулҳафиз Қодиров солҳо роҳбари бадеии театр ҳам буд. Сипас, чанд сол дар театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара коргардон ва саркоргардон ҳам буд.

И.Усмонов: - Ана, акнун дар бораи як чизи муҳим ҳарф мезанем. Шумо ҳоло Эргаш Масафоевро ёд кардед. Ду чизе, ки Эргаш Масафоевро дар муҳити театрии Тоҷикистон машҳур кард, ёдоварӣ мекунам:

Якум, ин ҳамон “Ситораи раҳнамо”, ки дар он Шумо нақши В.И. Ленинро бозӣ кардед. Чӣ хел шуд, ки Масафоев Шумо ва Қурбонро дар ин спектакл ба иҷрои нақши Ленин интихоб кард?

Дуюм, “Сареву савдое” – и Меҳмон Бахтӣ. Махсусан ҳамин асари Меҳмон Бахтӣ дар санъат як сатираи бисёр баландмазмун овард.

Т. Розиқов: - Рости гап намедонам чӣ хел шуд. Лекин ману Қурбон аз даврони донишҷӯйӣ завқи дар ҳамин нақш бозӣ карданро доштем. Масафоев бошад, ба мо илҳоми нав бахшид. Дар ин нақш бо як кас кор кардан барои Масафоев осон буд, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ду нафарро интихоб кард ва ин кораш дуруст ҳам буд. (Ба он хотир, ки Қурбон Ҳомидов каме қоматбаланд буду ҳам чеҳрааш он қадар ба ин образ мувофиқ намеомад). Дар театри хурди Москва “Эътирози 17 нафар” – ро худи Шумо ҳам дида будед. Хушбахтии ман дар он аст, ки нақши ҳам ҷавонӣ ва ҳам пирии Ленинро дар он ҷо бозӣ кардам. Ғайр аз ин “Лениннома” –е навиштам, ки ба фикрам дар дунё ин корро ҳеҷ кас накардааст. Ҳунармандони беҳтарин дар он нақш бозӣ карда буданд, ба мисли Маҳмуд Тоҳирӣ, Ғаффоров Абдуллоҷон ва дигарон. “Лениннома” –и ман асари телевизионӣ буд, самимӣ, зебо ва боварибахш. Мо ҳар чизе, ки мегуфтему мекардем, ба ҳақиқат доштани он боварӣ доштем. Ленин барои ман ва аксарияти насли мо нишона - символи одамият буд. Фикр мекунам хизмати Ленин барои инсоният дар ҳақиқат шоистаи таҳсин аст. Он касоне, ки имрӯз ба пайкараи Ленин санг мепартоянд, аз нишонаҳои вай рӯ метобанд, ӯро намешиносанд, ё шинохтан нахостаанд, бесаводанду ношукрӣ мекунанд. Ӯ ғами тамоми халқҳоро хӯрдааст. Гуфтан мумкин, ки агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем.

И.Усмонов: - Он шеъри машҳури устод М. Турсунзода ин андешаро бозмегӯяд:

“Раҳ ёфтию дар шаби торик давидӣ, Ҳангоми саҳар чун шафақи субҳ дамидӣ”. – гуфтааст устод Турсунзода. Дар боби ташаккули миллат ҳам бо Шумо ҳамақида ҳастам. Аввалан, ин ки Ленин шахси сиёсиву илмӣ буд. Ҳар чизе, ки офарид дар заминаи илми вай буд. Дуюм, ба он гуфтаи Шумо, ки Ленин намебуд, мо миллат намешудем, тарафдорам. Ба ин мисол ҳам дорам, ки соли гузашта дар китоби сеҷилдаи “Тоҷикнома” овардаам.

То Инқилоби Октябр тоҷик дар куҷо зиндагӣ мекард? Аз Осиёи Миёна сар карда, то Эрону Афғонистони имрӯза ватани тоҷик, ҷойи зисти тоҷик буд. Вале дар ҳеҷ яки аз ин минтақаҳо ҳукумат надошт. Дар Эрону Афғонистону Бухоро ҳама давлатдорҳои ғайритоҷикон буданд. Бинобар ин, номи ҳукуматашон бо номи онҳо тавъам мешуд. Аз ҳамин навъ давлатҳо Ленин барои тоҷикон замине ҷудо карда, давлати тоҷикӣ сохт. Дар Афғонистон, ки ҳаёти тоҷик пуштибон надошт, ин кор нашуд. Тоҷикони он ҷо то ҳол мубориза бурда истодаанд, то онҳоро, забонашонро, асолаташонро шиносанд. Миқдори тоҷикон дар Афғонистон аз мо – тоҷикони Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ба мо болшевикон пушту паноҳ шуданду гарчанде замини майда бошад ҳам, онро ҷудо карда доданд, то давлат созем. Он давлат барои Истиқлолияти миллии мо дар соли 1991 замина шуд.

Т. Розиқов: - Бале, ман ҳам дар ин хусус бисёр андешидаам. Шумо пурсидед, ки Масафоев чӣ тавр маро ба нақши Ленин интихоб кард. Охир дар Москва ҷойи дӯстдоштаи ман музейи Ленин буд. Ҳар як расми ӯро меомӯхтам, зиндагиномаашро пурра аз худ карда будам. Ман ба як хулосае расидам, ки дар кадом соҳае сидқан кор кунӣ, ҳатман ба мақсад мерасӣ. Дар ҳақиқат нақши Ленинро бозӣ кардан, бисёр мушкил буд, вале заҳматҳои шабонарӯзии ман натиҷа доданд ва аз ӯҳдаи иҷрои он баромадам. Меҳнатҳои бисёрсолаам имкон доданд, ки нақши ду шахсияти бузург – Ленин ва Уилямро иҷро кунам. Ана, сипас, нақши Лоҳутӣ, Туғрал, Аҳмади Файз ва охирон - Айниро бозӣ кардам, ки худи Шумо низ шоҳид будед. Нисбати устод Садриддин Айнӣ бо эҳтиёту эҳтиром гап задан лозим. Ӯ миллати моро ба олам шиносонд. Устод Айнӣ миллат сохт. Бинед, ки чӣ гуна дар ду ҷумҳурӣ – ҳам Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистон раҳбари илм, роҳнамои зиёиёни эҷодӣ буд. Ин кори осон нест. Академияи илмҳои ҳарду кишварро роҳбарӣ мекард. Агар ду умр дошта бошем ҳам, фикр мекунам барои омӯхтани асарҳои Айнӣ камӣ мекунад.

И. Усмонов: - Фикр мекунам Шуморо бештар аз образҳои мусбати офаридаҳоятон мешиносанд. Образи “Раиси колхоз”, ки аз рӯи асари Қутби Киром офаридед, аввалин образи хати нави эҷодии Шумо буд ё пештар ҳам ягон нақши ба ин монандро бозӣ карда будед? Чун дигар қаҳрамони офаридаатон аз асари К. Мирзоев, ки филми телевизионӣ буду образи “Раис” дар ҳақиқат як шахси нафратовар. Ӯ аз мансабаш истифода карда, халқро тарсонда, манфиатҳои худашро амалӣ мекард. Чӣ тавр шуд, ки Шумо ба иҷрои ин нақш даст задед?

Т. Розиқов: - Ду сол пеш Аҳмад Тӯраев пешниҳод кард, ки як асарро хонам. Ман хондаму фикр кардам. Асар маъқул шуд. Худамро ба он образ омода намудам. Чӣ хеле, ки духтур беморашро ташхис карда, баъд табобат мекунад, ҳунарманд ҳам то қаҳрамони худро ташхис накунад, ҳеҷ вақт он нақшро хуб бозӣ карда наметавонад. Барои чунин характер доштани персонажи иҷрокардаи ман, муҳите, ки ӯ дар он ҷо сабзидааст, гунаҳкор аст. Чун дар хурдсолиаш барои маъюбиаш таҳқиру дашномаш мекарданд, ки дар натиҷа дар дилаш уқда ҷамъ мешуд. Баъди ба вазифа расидан, аз ҳама қасд меситонад. Ӯро худи ҷамъият ҳамин гуна тарбия кард. Дидед, вай то ба дараҷае расид, ки ба ягон нафар раҳм намекард. Имрӯз дар ҳаёти воқеӣ раисҳое ҳастанд, ки он нақши бозикардаи ман дар пеши корҳои нохуби онҳо ҳеҷ аст. Ин чизҳоро бо гузашти солҳо пай мебаранд. Мо имрӯз, ҳама ба кори худ бандем ва ба ин чизҳо он қадар аҳамият ҳам намедиҳем. Вале оқибати ин ҳама амалҳову чунин амалдорон ҳеҷ аст. Мо бояд аз худ номи нек гузорем, чуноне ки устод С. Айнӣ дар охири умраш гуфта буд: “Ман мехоҳам, ки дар оянда номи маро каме бошад ҳам, ба некӣ ёд кунанд”.


И.Усмонов: - Ҳозир як гапи муҳим гуфтед, ки “баъди мо номамонро ба некӣ ёд кунанд”. Насли мову шумо дар замони худ идеал доштанд. Ба одамоне монанд шудан мехостем, ки номашонро ба некӣ ёд мекарданд. Имрӯз идеал дошта бошем? Агар надошта бошем, чӣ хел барқарор кунем?

Т. Розиқов: - Ҳамон идеалҳое, ки доштем, ҳанӯз дар тору пуди ман ҳастанд. Ёдатон ҳаст, вақте мо дар намоишномаи “Островский” (бо забони тоҷикӣ бозӣ карда будем) муаллифи ҳамин асар Анчаров як даста гул оварда буд ва чӣ қадар эҳсоси хушнудӣ кард. Инсон бояд ба худ мақсад дошта бошад. Мақсади ба ин дунё омаданашро донад. Барои амал ё нотавонии худ ҳеҷ гоҳ набояд замонаро гунаҳкор кард. Мо худ пеш аз ҳама мақсаду мароми зиндагии хешро дошта бошем. Яъне мо на танҳо аз ҷаҳонбинии ташаккулёфтаи худ даст кашем, балки вазифадорем насли ҷавонро ба ин роҳ ҳидоят намоем.

И. Усмонов: - Мо ҳам рӯзе меравем, лекин барои насли ҷавон чизе монданамон лозим аст.

Т. Розиқов: - Фикр мекунам, ҳамаи он нақшҳое, ки бозӣ кардаам, фаромӯшношуданӣ боқӣ хоҳанд монд. Ман зиёда аз садто нақшро иҷро кардам, ки қариб ҳамаашон нақшҳои марказиянд. Шумо аксарияташро тамошо кардаед. Дар нақши Туғралро бозӣ кардан, бинед, мемираму зинда мешавам. Туғрал чунин шахсияте буд, ки танҳо ду нафарро сахт эҳтиром мекард, яке муллое аз Бухоро ва дигаре Шамсиддин Шоҳин. Туғрали ман худро, мардуми худшиносро, ҳақиқатро, зебоиро эҳтиром мекард.

И.Усмонов: - Аввалин ва охирин нақше, ки дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бозӣ кардед, кадомҳоянд?

Т. Розиқов: - Аввалин нақшам дар намоиши “Хазони таги по” –и Фотима Ғуломова буд, ки дар он образи ҷавони ятимеро бо номи “Бахтиёр” офаридам. Охирин нақши офаридаам дар намоиши “Тарма” буд, ки он ҷо нақши як мӯйсафедро иҷро кардам.

И.Усмонов: - Чӣ нақшаву орзуҳои амалиношуда доред, ҳам чун санъаткор ва ҳам чун устоди санъат?

Т. Розиқов: - Як орзуямро мегӯям: мехоҳам, ки дар бораи Жанна Д’арк як намоише таҳия кунам. Ин образ бароям азиз аст. Тавассути он дар театр занро ситоиш кардан мехоҳам. Имрӯз дар театри мо нақши духтарон бисёр камӣ мекунад. Мехоҳам бо ин асар ҳамин холигиро пур кунам.

Дар донишкада бошад, саъй мекунам, ки насли ҷавон роҳи худро дуруст интихоб кунанд, ба зиндагӣ устуворона қадам гузоранд ва он сарчашмаи ҳунар, ки сад сол пеш дар Ватанам аз ҳунари халқӣ ба ҳунари касбӣ табдил шуд, хушк нашавад. Мехоҳам шогирдонам аз роҳи интихобкардаашон – санъату санъаткорӣ асло пушаймон нашаванд ва ҳунари онҳо дар оянда театрро аз фараҳ пур кунад.

И. Усмонов: - Ташаккур барои сӯҳбат.

Т. Розиқов: - Саломат бошед!



«Корро хомӯшона анҷом деҳ». Таърихи аъмоли неки ширинкори бадахшонӣ - Шовайс


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(122) "Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10054"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6681"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(83) "/tj/articles/talk/s_bat_dar_atrofi_kitobi_khudoye_khudro_bishnosam_i_rasul_odizoda/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3225"
  ["CODE"]=>
  string(64) "s_bat_dar_atrofi_kitobi_khudoye_khudro_bishnosam_i_rasul_odizoda"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3225"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(175) "“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "9735"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6451"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(115) "/tj/articles/analytics/gardishi_devbod_s_bati_professor_ibro_im_usmonov_bo_navisandai_shinokhta_abdul_amid_samadov/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3120"
  ["CODE"]=>
  string(91) "gardishi_devbod_s_bati_professor_ibro_im_usmonov_bo_navisandai_shinokhta_abdul_amid_samadov"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3120"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(210) "Табақаҳои мухталифи Душанбешаҳр кӯшиш мекунанд, ки дастаҷамъона арзишҳои меъмории шаҳри азизи худро ҳифз намоянд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8145"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5872"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(125) "/tj/articles/our_people/taba_a_oi_mukhtalifi_dushanbesha_r_k_shish_mekunand_ki_dasta_amona_arzish_oi_memorii_sha_ri_azizi_kh/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2546"
  ["CODE"]=>
  string(100) "taba_a_oi_mukhtalifi_dushanbesha_r_k_shish_mekunand_ki_dasta_amona_arzish_oi_memorii_sha_ri_azizi_kh"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2546"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Табақаҳои мухталифи Душанбешаҳр кӯшиш мекунанд, ки дастаҷамъона арзишҳои меъмории шаҳри азизи худро ҳифз намоянд

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(173) "Манижа равшан кард, ки чаро тоҷик духтар метавонад Русияро дар “Евровидение” муаррифи намояд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "7868"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "4760"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(120) "/tj/articles/our_people/manizha_ravshan_kard_ki_charo_to_ik_dukhtar_metavonad_rusiyaro_dar_evrovidenie_muarrifi_namoyad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2460"
  ["CODE"]=>
  string(95) "manizha_ravshan_kard_ki_charo_to_ik_dukhtar_metavonad_rusiyaro_dar_evrovidenie_muarrifi_namoyad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2460"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Манижа равшан кард, ки чаро тоҷик духтар метавонад Русияро дар “Евровидение” муаррифи намояд

Другие новости