Ru  | Tj
Зулхумор Иброҳимова:“Барои ҳама азизон гиристаму мегирям”
Зулхумор Иброҳимова:“Барои ҳама азизон гиристаму мегирям”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Зулхумор Иброҳимова:“Барои ҳама азизон гиристаму мегирям”

Нашр шуд

Зулхумор Иброҳимова 14 -уми марти соли 1952 таваллуд шудааст. Ӯ аз давраи ҷавонӣ бо телевизион ҳамкорӣ карда, баъди хатми донишгоҳ дар Театри давлатии академӣ –драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор шурӯъ намудааст. Зулхумор Иброҳимова дар намоишномаҳои «Хоби ширин, хурдтаракон», «Алифбоҷон», «Ман, ту ва мултик» ва ғайра нақш офаридааст, ки нақши Ҳоҷар аз намоишномаи «Садо аз тобут» ӯро бештар ба мардум муаррифӣ кардааст.

Театр хонаи якум аст ё хонаи дуюм?

- Муаллима, рӯзе, ки Шумо дар театр нақш офаред аз он рӯзе, ки ба саҳна намебароед, чӣ фарқ дорад?

- Агар як нақшро сад бор ҳам бозӣ карда бошам, ҳатман боз дар хона омодагӣ мебинам: матнро аз назар мегузаронам ва мимикаву ҳаракатҳоямро то қадри имкон такрор мекунам. Ҳаводисеро, ки қаҳрамонам пагоҳ дар саҳна аз сар мегузаронад бори дигар пеши рӯ меорам. Хуллас, рӯзам бо ҳаяҷон ва фикри нақшам мегузарад. Вале рӯзе, ки дар намоише баромад накунам, нисбатан озодтару бекортар ҳастам.

- Оё боре шудааст, ки дар саҳна матнеро фаромӯш карда бошед?

- Ҳоло дақиқ гуфта наметавонам, ки дар саҳна матнеро фаромӯш накардаам, зеро шояд лаҳзаҳое бошанд, ки ягон калима ё ибораро фаромӯш ва ё дар ҷояш истифода накарда бошам. Бояд як чизи дигарро бигӯям, ки ман аз он гурӯҳи ҳунармандоне ҳастам, ки пеш аз намоиш аз одамон дур шуда, танҳо дар фикри нақш мешавам.

- Ҳунарманд ба нақшаш чӣ гуна медарояд ва боз аз он чӣ гуна мебарояд?

- Ман дар нақш даромадану аз нақш баромаданро намедонам, вале бояд бигӯям, ки вақте ҳунарманд нақшашро меомӯзад, ғайриихтиёт ба дунёи ҳамон образ ворид мешавад. Зеро суханон, ҳаракатҳо ва умуман тақдири қаҳрамонашро медонад ва аз ақлаш фармон мегирад, ки чанд соат ё дақиқа бояд нафари дигар бошад.  

- Барои Шумо театр хонаи дуюм аст ё як макони одии корӣ? 

- Ман ҳеҷ гоҳ театрро ба сифати як ҷойи кор напиндоштаам. Аммо агар суол сари хонаи якум ё хонаи дуюм будани театр бошад, ростӣ дилам мехоҳад, ки театрро хонаи якум бигӯям. Чунки ҳар қадами тамошобинон, ҳар нигоҳ ва ҳар қарсаки онҳо беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиро бароям медиҳанд. Хонаи одам он ҷоест, ки беҳтарин лаҳзаҳои умрашро гузаронидааст ва беҳтарин хотиротро дорад. 

- Наздики ним аср мешавад, ки дар театр кор мекунед, дар як ҷо ин қадар сол кор кардан, чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?

- Ягон бадӣ надорад ва ман бисёр хурсанду хушбахтам, ки тамоми умрамро ба санъату ҳунар додам ва бо устодони беҳтарини саҳна нақш офаридам. Тавре дар боло гуфтам, дигар театр бароям ҷойи кор нест, балки хона ва аз хона ҳам болотару азизтар аст.

- Шумо нафаре ҳастед, ки дар театр ҳам толори пурро дидаед ва ҳам вазъияти имрӯзаро. Лутфан, бигӯед, ки ин гуногуниро чӣ гуна қабул мекунед?

- Ман аллакай қабул кардаам, он давраҳоеро, ки мардум беҳтарин либосҳояшонро пӯшида, бо гулдаста ба тамошои намоишоти театрӣ меомаданд, гузашт. Ман қабул кардаам, ки ҳоло бисёриҳо ба воситаи телефону планшету компютер ҳар маводи мавриди таваҷҷӯҳашонро пайдо мекунанд. Лекин бояд бигӯям, ки ба ҳунарманду театр тамошобин лозим аст ва бисёр хуб мешавад, ки онҳо толорҳоро пур кунанд.

Гиря, ҳасад, пушаймонӣ ва шукр

- Муаллима, тақдири Шумо ҳам ба тақдири ҳунарманди хуби мо Зулфия Содиқова умумияте дорад: хоҳар аз дунё мегузарад ва волидон интихоби озод медиҳанд. Бигӯед, ки агар ҳодисаи мазкур рух намедод, кадом касбро интихоб мекардед?

- Ман аз замони кӯдакиву наврасӣ мехостам духтур шавам. Вале шодравон Фотима Ғуломова, ки бо мо пайванди хешу таборӣ доштанд, маро раҳнамоӣ карданд, ки ҳунарпеша шавам ва пас аз ним соли таҳсил дар ин ришта фаҳмидам, хато накардаам. 

- Ихтисоси Шумо ҳунарпешаи кино аст, вале то ҷое медонем роҳбаладии худораҳматии Фотима Ғуломова ба Шумо барои таҳсил дар ихтисоси ҳунарпешаи театр буд...

- Мақсадатонро фаҳмидам. Вақте дар интихобу саргаҳи таҳсил будам, Ҳабибулло Абдуразоқов ҳамроҳи Фотима Ғуломова якҷо зиндагӣ мекарданд ва вазъият чунин шуд, ки яке маро барои ҳунарманди театр шудан роҳнамоӣ карданду дигаре ҳунарманди кино.

- То ҷое медонем, шавҳаратон дар синамо будану кор карданатонро намехостанд...

- Раҳматии шавҳарам дар филмҳо нақш офариданамро ҳам намехостанд ва ҳам намегузоштанд. Он вақт нақшофарӣ дар филм монанди имрӯз набуд, яъне гурӯҳи корӣ моҳҳо дар майдони филмбардорӣ банд мешуданд, ки ин ба шодравон умуман писанд набуд. Кори театр бошад аз саҳар то бегоҳ буд ва иловатан пеш аз тӯй маслиҳат карда будем, ки ман дар театр кор мекунам.

- Шумо гуфтаед: “Дар театр кор кардану як пуштибон надоштан бисёр душвор аст”. Ҳамин гуфтаатонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Дар театр лаҳзаҳои ҳассос зиёданд, ки на ҳар ҳунарманд аз онҳо хуб гузашта метавонад. Масалан, вақте ки дар намоише як нақшро бо навбат ду ҳунарманд иҷро мекунанд, аз рӯи инсониву адолат агар яке дар супоридани намоиш ба Вазорати фарҳанг бозӣ кунад, пас дуюмӣ бояд дар нахустнамоиши озод он нақшро офарад, вале гоҳе мешавад, ки як ҳунарманд ҳам дар супурдани намоиш, ҳам дар чанд намоиши аввал нақш меофарад ва нафари дуюмӣ канор мемонад. 

- Шумо гуфтаед: “Намехоҳам, ки ҳамеша нақши занҳои маъюсу хаставу гирёнро офарам”. Вале оё медонед, ки Шумо ва ҳунарманди хубу нотакрори мо Абдулмумин Шарифӣ махсус барои нақшҳои мусбатро бозидан гӯё ба дунё омадаанд? 

- Ин бардошти Шумо аст. Он суханеро, ки аз номи ман иқтибос овардед, вақте гуфта будам, ки мардум дар нақшҳои офаридаи ман гиряву ғаму дардро медиданд ва ба ман мегуфтанд. Аз ҷониби дигар, ба фикре ҳастам, то замоне, ки коргардонҳо ба ман нақшҳои бо ҳам монанду ба қавле гирёнчак медиҳанд, қобилияти инкишофёбии касбиямро гум мекунам ва ҳамчун ҳунарманд инкишоф намеёбам.

- Шумо гуфтаед:  “Агар аз сари нав зиндагӣ мекардам, актриса мешудам, аммо дигар хел зиндагӣ мекардам. Хатогиҳоеро, ки дар ҷавонӣ содир намудам, ислоҳ мекардам”. Метавонед аз он хатогиҳоятон бигӯед? 

- Фикр мекунам, ки хатогиҳоро гуфтан шарт нест, балки муҳим ислоҳ шудану хатогиро дарк кардан аст.

- Хушбахтарин лаҳзаи ҳаёти Шумо кадом аст?

- Вақте ки аввалин маротиба модар шудам. 

- Агар имкон пайдо шавад, ки бо як “миг” худатонро аз ягон ҷиҳат иваз кунед, чиро иваз мекунед?

- Содагиямро иваз мекардам.

- Ягон маротиба мурданро фикр кардаед?

- Ҳар рӯз фикр мекунам. Ман қабул кардаам, ки ҳамаамон мирандаем ва медонам, ки рӯзе аз рӯзҳо мо низ меравем.

- Шумо барои кадом марги бузург гиристаед?

- Соли гузаштаву имсол хеле гиристем. Ман барои ҳама азизон гиристаму мегирям ва ҳоло ҳам ашкҳоям дар миҷгонҳоям ҳастанд.

- Аз оне ки зиндагии актёрони хориҷиро мебинед, ба дороӣ ва тарзи зиндагияшон ҳасад намебаред? 

- Ҳасад не, зеро бо ҳар доштаву надоштаам шукр мекунаму аз он розиям. Вале афсӯс мехӯрам, ки ҳунар то андозаи даркорӣ қадр намешавад.

- Ба фарзандонатон чӣ мемонед ва умуман як нафари идеалӣ бояд чӣ монад? 

- Меҳру муҳаббат.

- Шумо аз зиндагии доштаатон розиед?

- Бо тамоми вазниниҳову камбудиҳо ва омаду ноомадҳояш шукр мекунам. Шукр мекунам, ки фарзандони хуб ва набераҳои хуб дорам. Шукр мекунам, ки Худованд меҳри касберо, ки интихоб кардам, дар дилам ҷой дод ва аз рӯи он нону ном дод. 

- Ҳоло дар бораи чӣ фикр мекунед?

- Дар бораи кор. 

- Зиндагӣ кардан душвор аст?

- Душвор, вале ширин.


«Мактаббачагон бо қувваи фавқулода». Кӣ дар Тоҷикистон фарҳанги комиксҳоро ривоҷ медиҳад?






Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед